Шоми дӯстии Эмомалӣ Раҳмон барои сарони кишварҳои узви ИДМ

Шоми рӯзи 27 сентябр дар Бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ Шоми дӯстӣ ташкил карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,дар Шоми дӯстӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Беларус […]

Asia-Plus

Шоми рӯзи 27 сентябр дар Бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ Шоми дӯстӣ ташкил карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,дар Шоми дӯстӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, аз намоишгоҳи неъматҳои табии диёри биҳиштосои мо дидан намуданд.

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзейи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил карда шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он  ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд.

Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полизиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошта шуда ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату таъми ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд.

Шоми дустӣ барои Сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои узви ИДМ хеле писанд омад ва меҳмонони олимақом бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.