Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург

Дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия рӯзҳои 6-10 октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фаҳанги ҶТ, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия бо мақсади таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми рус гузаронида мешаванд. Ҳайати расмии Рӯзҳоро муовини аввали […]

Asia-Plus

Дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия рӯзҳои 6-10 октябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фаҳанги ҶТ, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия бо мақсади таҳкими бештари робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии санъату ҳунари халқи тоҷик ба мардуми рус гузаронида мешаванд.

Ҳайати расмии Рӯзҳоро муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати эҷодии Рӯзҳо ҳунарпешаҳои шинохтаи Тоҷикистон мисли Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Шарофат Усмонова, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Хуршед Иброҳимзода, Зафар Абдуалимов, Манучеҳр Раҳмонов, Соҳибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Александр Тагиров, инчунин Ансамбли давлатии рақсии хизматнишондодаи ба номи Ғаффор Валаматзода «Лола» ва Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев «Парасту» шомиланд.

Дар доираи Рӯзҳо баргузории барномаҳои консертии устодони санъат ва ҷавонони болаёқат, намоиши мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон, намоиши аккосии «Тоҷикистони муосир», намоиши китобҳои тозанашр ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва муаррифии асарҳои як зумра адибони тоҷик ба забони русӣ дар назар аст.

Барномаи консертии маросими ифтитоҳи Рӯзҳо 7 октябр дар саҳнаи нави Театри калони академии Россия дар шаҳри Москва ва консерти дигар 8 октябр дар толори Театри Калони Драмавии ба номи Г.А. Товстоногови шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд. Қабл аз барномаи консертӣ дар шаҳри Москва намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва аккосӣ пешбинӣ шудаанд.

Намоиши аксҳо ва китобҳои тозанашр дар Китобхонаи давлатии Россия ва нишасти матбуотӣ ба шарафи Рӯзҳо дар Театри калони академии Россия пешбинӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.