Чанде аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе имрӯз бе барқ мемонанд

Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ ва омодагии шабакаҳои барқ ба мавсими тирамоҳу зимистон, имрӯз, 2 октябр аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба чанде аз кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз шабакаҳои барқи пойтахт дар ин робита хабар доданд, дар фосилаи соати зикршуда интиқоли нерӯи барқ […]

Asia-Plus

Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ ва омодагии шабакаҳои барқ ба мавсими тирамоҳу зимистон, имрӯз, 2 октябр аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба чанде аз кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шабакаҳои барқи пойтахт дар ин робита хабар доданд, дар фосилаи соати зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба кӯчаҳои Карамов, Бохтар, Назаршоев, Шарқӣ, Айнӣ, Адҳамов, Беҳзод, Раҳмон Набиев, Бунёдкорон ва маҳаллаи Зарафшон-2 боздошта мешавад.

“Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ, интиқоли нерӯи барқ ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳо шояд пештар аз муҳлати зикршуда барқарор карда шавад”, – қайд карданд дар шабакаҳои барқи Душанбе.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.