Устоҳои хатнагари Хатлон қатъи фаъолияти худро ваъда доданд

Дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мулоқоти роҳбарияти Сарраёсат бо устоҳои халқии хатнагар баргузор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар ин мулоқот беш аз 20 нафар устоҳои халқии хатнагар, сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода, директори Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим Ҳаким […]

Asia-Plus

Дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мулоқоти роҳбарияти Сарраёсат бо устоҳои халқии хатнагар баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар ин мулоқот беш аз 20 нафар устоҳои халқии хатнагар, сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода, директори Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим Ҳаким Худойбердиев ва дигар мутахассисони соҳа иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки мақсад аз вохӯрӣ баррасии масъалаи аз 1 январи 2019 манъ кардани гузаронидани хатна аз тарафи устоҳои халқӣ буда, ин ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла гепатит ва бемории норасоии масъунияти бадан мусоидат мекунад.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани хатна дар беморхонаҳо табибон имкон доранд чандин беморие, ки аксаран пӯшида мемонанд ва ба ояндаи писарбача таъсири манфии худро мерасонанд, ошкор кунанд ва ва ба табобат фаро гиранд.

Гуфта мешавад, дар навбати худ устоҳои халқӣ низ изҳор доштанд, ки бо дастгирӣ аз сиёсати роҳбари давлат ва ба хотири солимии аҳолӣ минбаъд фаъолияти худро қатъ намуда, ҳамчунин байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ хоҳанд бурд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.