Устоҳои хатнагари Хатлон қатъи фаъолияти худро ваъда доданд

Date:

Дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мулоқоти роҳбарияти Сарраёсат бо устоҳои халқии хатнагар баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар ин мулоқот беш аз 20 нафар устоҳои халқии хатнагар, сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода, директори Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим Ҳаким Худойбердиев ва дигар мутахассисони соҳа иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки мақсад аз вохӯрӣ баррасии масъалаи аз 1 январи 2019 манъ кардани гузаронидани хатна аз тарафи устоҳои халқӣ буда, ин ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла гепатит ва бемории норасоии масъунияти бадан мусоидат мекунад.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани хатна дар беморхонаҳо табибон имкон доранд чандин беморие, ки аксаран пӯшида мемонанд ва ба ояндаи писарбача таъсири манфии худро мерасонанд, ошкор кунанд ва ва ба табобат фаро гиранд.

Гуфта мешавад, дар навбати худ устоҳои халқӣ низ изҳор доштанд, ки бо дастгирӣ аз сиёсати роҳбари давлат ва ба хотири солимии аҳолӣ минбаъд фаъолияти худро қатъ намуда, ҳамчунин байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ хоҳанд бурд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...