Оғози сафари давлатии президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон

Date:

Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд, ки 7 октябр бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба ифтихори пазироии меҳмони олиқадр майдони Қасри миллат идона ороста шуда, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ҳиндустон партавафшонӣ дошт. Горди фахрии президентӣ ва оркестр саф ороста буд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҳиндустонро гарму самимӣ истиқбол гирифта, бо болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.

Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо дод. Сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо оварданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (11)











Маросими истиқболи расмӣ баъди шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии кишварҳо ва гузашти низомии сарбозон анҷом ёфт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related