Робот-пешхизмат, энергия аз партов: озмуни навоварону ихтироъкорони ҷавон

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи 12 октябр таҳти шиори “Ҷавонон созандагони Ватан” Озмун-фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” ба кор шурӯъ кард. Барои иштирок дар он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ беш аз 700 дархост ворид гардида, аз байни онҳо 450-тоаш интихоб шуд. Корҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшудаи толибилмони мактаб ва донишҷӯён қариб тамоми самтҳои […]

Парвиз Турсунов, Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи 12 октябр таҳти шиори “Ҷавонон созандагони Ватан” Озмун-фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” ба кор шурӯъ кард.

Барои иштирок дар он аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ беш аз 700 дархост ворид гардида, аз байни онҳо 450-тоаш интихоб шуд. Корҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшудаи толибилмони мактаб ва донишҷӯён қариб тамоми самтҳои муҳими илму техникаи муосир – физика, кимиё, механика, дорусозӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои маиширо фаро мегиранд.

Миёни корҳои пешниҳодшуда роботҳои иҷрокунандаи вазифаҳои гуногун, барномаҳои забономӯзӣ ва тарҷума, генераторҳо, дастгоҳи ҷамъоварии оби борон ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Созмондиҳандагони чорабинӣ қайд мекунанд, ки ҳадаф аз баргузории озмун-фестивал ошкор намудани имконоти наврасону ҷавонон дар навовариву ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандсозии нияти онҳо ба ин кор дар самтҳои гуногуни техникӣ мебошад.

Зикр шуд, ки намоишгоҳи навоварӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонон ҳамчунин ба пешбурди афкори инноватсионӣ мусоидат намуда, барои толибилмону ҷавонони қобилиятнок таконе барои интихоби касби ояндаашон шуда метавонад.

Барои наврасони то 14-сола ва ҷавонони аз 15 то 30-сола се ҷоиза муқаррар шудааст. Ғолибон бо диплому ифтихорномаҳои фестивал, туҳфаҳои арзишманду хотиравӣ ва мукофотпулиҳо аз сарпарастони озмун аз қабили Бонки байнулмилалии Тоҷикистон,  Бонки Эсхата, ширкатҳои Tcell, "Авесто групп", «Барф», «555», Сатурн-1, «Шамс ва Ко», Сомон Эйр, «Хуаксин Ғаюр цемент», Coca Cola ва ғайра сарфароз гардонида мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.