Лату кӯби бераҳмонаи сардори маркази матбуоти Хадамоти гумрук дар маркази пойтахт

Сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон полковник Фахриддин Собиров рӯзи 13 октябр бо осори захму зарб дар косахонаи сару асаб ба Маркази милии тиббии Тоҷикистон (Қарияи Боло) оварда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар дод. Фахриддин Собировро роҳгузарон дар мавзеи назди телевизиони “Сафина” беҳуш дарёфта, мошини […]

Сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон полковник Фахриддин Собиров рӯзи 13 октябр бо осори захму зарб дар косахонаи сару асаб ба Маркази милии тиббии Тоҷикистон (Қарияи Боло) оварда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар дод.

Фахриддин Собировро роҳгузарон дар мавзеи назди телевизиони “Сафина” беҳуш дарёфта, мошини ёри таъҷилии тиббиро даъват мекунанд, ки ӯро ба бемористон мебарад.

Як нафар ё афроди ношиносе бо олоти сахте ба қисмати сари ӯ зарба задаанд. Табибон изҳор доштаанд, ки бар асари ин зарба Собиров ба хунравии мағзӣ дучор шуда, ӯ мавриди ҷарроҳии вазнин қарор гирифтааст.

Баъди ҷарроҳӣ табибон ба ҳамкорони Собиров хабар додаанд, ки вазъи ӯ вазнин боқӣ мемонад, вале ба гуфтаи навбатдори Хадамоти гумрук, субҳи имрӯз умедворӣ пайдо шудааст, ки вазъи солимии полковник рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Ин ҳодиса мавриди тафтиши мақомоти милитсия қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.