Шабнами Сурайё зодрӯзашро дар хонаи кӯдакон ҷашн гирифт

Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, 37-солагии худро на дар тарабхонаву ҳалқаи ҳамкорон, балки бо шогирдони хонаи кӯдакони рақами дуи шаҳри Душанбе таҷлил кард. Тӯҳфаи зодрӯзиро 90 тифли ятиму бесарпаноҳ гирифтанд. Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Шабнами Сурайё барои атфол як дастархони бошукӯҳе бо ғизову шириниҳо омода кард ва барои хушҳолии атфол рамзи қаҳрамонони афсонаҳоро ҳам […]

Радиои Озодӣ

Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, 37-солагии худро на дар тарабхонаву ҳалқаи ҳамкорон, балки бо шогирдони хонаи кӯдакони рақами дуи шаҳри Душанбе таҷлил кард. Тӯҳфаи зодрӯзиро 90 тифли ятиму бесарпаноҳ гирифтанд.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Шабнами Сурайё барои атфол як дастархони бошукӯҳе бо ғизову шириниҳо омода кард ва барои хушҳолии атфол рамзи қаҳрамонони афсонаҳоро ҳам даъват намуд.

Гуфта мешавад, Шабнам дар ҳоле ки бархе кӯдаконро худаш хӯрок медод ва ба онҳо меҳрубонӣ мекард, гуфт, "ин беҳтарин ҷашни зодрӯзаш буд".

"Рости гап, чанд сол боз зодрӯзамро ҷашн намегирам. Имсол бо маслиҳати модарам Сурайё Қосимова, тағоям Сайёф ва бо кумаки дӯстам Хусравҷон фикр кардем, беҳтар аст, ин рӯзро бо ятимон таҷлил кунем. Ин рӯз барои ман беҳтарин рӯз буд", – гуфтааст ӯ дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ.

Ӯ чанд лаҳза барои атфол нақши модарро иҷро кард. Иззатуллои 4-моҳа бештар аз ҳама таваҷҷуҳи Шабнамро ба худ ҷалб намуд. Ӯ худаш ба ин тифл либоси нав пӯшонд, хӯрок дод ва сӯҳбат кард. Иззатулло аз модаре ба дунё омадааст, ки бемории руҳӣ дорад ва баъди таваллуд ба тарбияи хона-интернат гузошта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.