Обуҳавои софу офтобӣ то кай дар Тоҷикистон боқӣ мемонад?

Сокинони Тоҷикистон то охири мохи октябр бемалол метавонанд аз обуҳавои софу беғубор ва офтобӣ баҳра баранд. Тавре аз Агентии обуҳвошиносӣ дар ин робита хабар доданд, чунин вазъи обуҳаво то охири моҳ боқӣ монда, баъзан тағйирёбии он дар назар аст, лекин ҳарорат мусоид ва то ба 24 дараҷа гармӣ мерасад. Бино ба иттилои манбаъ, барфи аввал […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Сокинони Тоҷикистон то охири мохи октябр бемалол метавонанд аз обуҳавои софу беғубор ва офтобӣ баҳра баранд.

Тавре аз Агентии обуҳвошиносӣ дар ин робита хабар доданд, чунин вазъи обуҳаво то охири моҳ боқӣ монда, баъзан тағйирёбии он дар назар аст, лекин ҳарорат мусоид ва то ба 24 дараҷа гармӣ мерасад.

Бино ба иттилои манбаъ, барфи аввал дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ва минтақаи ҷануби кишвар моҳи декабр пешбинӣ мешавад, лекин ин пешгӯии дақиқ нест.

“Охири моҳи октябр мо ба Маскав меравем ва сипас пешгӯӣ бештар дақиқтар хоҳад шуд. Пешгӯиҳои дарозмуҳлатро мо бо ҳамтоёни маскавии худ омода месозем”, – шарҳ дод ба “Азия-Плюс” сардори Маркази пешгӯии гидрометеорологии Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон Ҷамила Убайдуллоева.

Обуҳавошинсон хабар медиҳанд, ки шурӯъ аз имрӯз ҳарорати ҳаво ба болоравӣ оғоз намуда, то 24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ду рӯзи оянда ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, шабона 1-3  ва рӯзона 16-18  дараҷа гарм мешавад.

 Рӯзҳои истироҳат обуҳавошиносон дар вилояти Суғд обуҳавои беборишро пешгӯӣ намуда, ҳарорат шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон муддати ду рӯзи наздик обуҳавои бебориш пешбинӣ гардида, ҳарорат дар водиҳо шабона 5-19 ва рӯзона 22-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ аксаран обуҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.