Жириновский: Ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бояд мақоми махсус дода шавад

Раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) Владимир Жириновский имрӯз зимни вохӯрӣ бо журнаалистон дар Душанбе изҳор намуд, ки нисбати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми зиёд дорад. “Эмомалӣ Раҳмонро дар Русия ба сифати яке аз сиёсатмадорони соҳибэҳтиром мешиносанд, ӯ президенти арҷманду шинохта дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ аст”, – изҳор намуд Владимир Жириновский. Дар посух ба саволи хабарнигори […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) Владимир Жириновский имрӯз зимни вохӯрӣ бо журнаалистон дар Душанбе изҳор намуд, ки нисбати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми зиёд дорад.

“Эмомалӣ Раҳмонро дар Русия ба сифати яке аз сиёсатмадорони соҳибэҳтиром мешиносанд, ӯ президенти арҷманду шинохта дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ аст”, – изҳор намуд Владимир Жириновский.

Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия ӯ қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги иқтисодиву энергетикӣ ва қувваи корӣ буда, Русия аз имконоти зиёди молӣ бархӯрдор аст.

“Моро зарур аст, ки ин захираҳоро муттаҳид созем ва аз ин кор ҳам Маскаву ҳам Душанбе нафъ мебардоранд”, – қайд кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр намуд, ки ояндаи наздик ҳизби зери раҳбариаш қарордошта ба қабули қонун “Дар бораи мақоми махсуси шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия” ташаббус нишон хоҳад дод.

“Пас аз қабули ин қонун ҳеҷ яке аз кормандони пулис бидуни сабаб шаҳрванди Тоҷикистонро дар қаламрави Русия боздошт карда наметавонад. Ғайр аз ин, барои эълони авф ба муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, ки ба қонуншиканиҳои ночиз роҳ додаанд, низ зарурат боқӣ намемонад”, – қайд кард Жириновский.

Дар идома ӯ таъкид дошт, ки Ҳизби либералӣ-демократии Русия ният дорад, ки аз ҳисоби воситаҳои худ дар Душанбе як мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд созад. Ҳамчунин ин ҳизб оянда ният дорад, ки дар Душанбе Маркази захиравӣ барои омодакунии мутахассисон ҷиҳати кори минбаъда дар Русия низ созад.

Ӯ қотеъона мухолифи пешниҳоди чанде аз сиёсатмадорони рус, ки ба ҷорӣ кардани раводид (виза) бо Тоҷикистон даъват мекунанд, изҳори назар кард.

“Раводид лозим нест, барои интиқоли сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба бозорҳои Русия “долони сабз” додан зарур аст”, – таъкид дошт Жириновский.

Дар робита ба масъалаи бозгашти сарҳадбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон, Жириновский изҳор намуд, ки ба ҷойи ин Русияро лозим аст, ки ба таҳкими марз бо Афғонистон ба Тоҷикистон кумак кунад.

“Баъди бозгашт ба Маскав ман шахсан ба раҳбарияти Хадамоти федералии амният бо пешниҳоди кумак ба Тоҷикистон дар бунёди минтақаҳои касногузар бо дарозии 2-3 километр дар сарҳад бо Афғонистон муроҷиат мекунам, то ки дигар ягон террорист ё қочоқбар аз он натанҳо гузашта натавонад, балки дигар фикри убури марзи Тоҷикистон ҳам ба сараш наояд”, – иброз дошт ӯ.

Сипас дар шарҳи изҳороти қаблиаш бобати таъсиси “Ҳавзаи федералии Осиёи Миёна дар ҳайати Русия” аз ҳисоби кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна, сиёсатмадор қайд кард, ки ӯ ҷонибдори ихтиёрӣ муттаҳидшавии собиқ кишварҳои пасошӯравӣ ба Русия аст.

“Ман ҷонибдори муттаҳидшавӣ ба мисли Иттиҳоди Аврупо мебошам. Умуман, ман муътақидам, ки дар воқеияти ҷаҳони имрӯза танҳо давлатҳое боқӣ мемонанд, ки на камтар аз 300 млн. нафар аҳолӣ дошта бошанд”, – илова кард Жириновский.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио