Таваҷҷуҳи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти амният

Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Саудро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муносибатҳои байнидавлатӣ, ки ба пойдории  сулҳу […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Саудро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муносибатҳои байнидавлатӣ, ки ба пойдории  сулҳу субот,  фароҳам овардани шароит барои пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ шуд.

Тавре таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи робитаҳои гуногунсамта бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва ин кишварро дар муносибатҳои байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад.

Ҷонибҳо аз рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар такя ба  усулҳои эътимод ва ҳусни тафоҳум, фазои мусоид дар миқёси сиёсӣ ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар мулоқот ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амниятӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар ин замина муҳимияти ҳамгироии давлатҳо дар раванди ба эътидол овардани вазъи сиёсию амниятӣ дар Афғонистон,таъмини амнияту субот дар кишварҳои олами ислом ва араб, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид гардид.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ манфиатҳои муштараки кишварҳои мо дар ҳамаи самтҳо дучанд афзун гардида,ҷавҳари онҳоро мафҳумҳои субот, амният ва пешрафту баланд бардоштани рифоҳияти мардумонамон ташкил медиҳанд ва моро зарур аст, ки мазмуну мундариҷаи сифатан нави муносибатҳои ҳамкориамонро таъмин карда, онҳоро  ба ниёзҳои имрӯза ва манфиатҳои миллии ду кишвар  комилан созгор намоем.

Дар раванди муборизаи муштарак бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ  Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ки соли 2016  дар рафти сафари Президенти Тоҷикистон  ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ имзо шудааст, заминаи хуби ҳуқуқӣ арзёбӣ гардид.  Таъкид шуд, ки  дар доираи муқаррароти ин созишнома  имкон ҳаст, ки ҳамкориҳои байни  идораҳои амниятӣ, мақомоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва прокуратураҳо дар шаклҳои барои ҷонибҳо мақбул тавсеа бахшида шаванд.

Аз  мусоидати пайвастаи Маркази Шоҳ Салмон  дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстона дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва идомаи самарабахши ҳамкориҳо дар ин самт тибқи мувофиқаҳои бадастомада, таъкид гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баргузории нишасти дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, техникиву фарҳангӣ ва дар ҳошияи он доир намудани ҳамоиши соҳибкорон дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда ва Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда,  натиҷаҳои ин чорабиниҳо омили муҳими таҳкиму густариши  робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии ду давлат  арзёбӣ гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва  иҷтимоиву фарҳангӣ  имкониятҳои фаровони ҳамкориҳои судмандро доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.