Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Фаттоҳ Одина таҷлил карда мешавад. Оғоз соати 17:00; – Бозиҳои даври 20-уми мусобиқаи Лигаи олии футбол баргузор мешаванд: “Панҷшер” – “Барқчӣ; “Истиқлол” – КМВА “Помир”; “Хатлон” […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Фаттоҳ Одина таҷлил карда мешавад. Оғоз соати 17:00;

– Бозиҳои даври 20-уми мусобиқаи Лигаи олии футбол баргузор мешаванд: “Панҷшер” – “Барқчӣ; “Истиқлол” – КМВА “Помир”; “Хатлон” – “Хуҷанд”; “Кӯктош” – “Регар-ТадАЗ”. Оғози бозиҳо соати 14:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4207 сомонӣ;

1 евро – 10.7132 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1417 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи театри тоҷик

1929 – Ифтитоҳи нахустин театри касбии тоҷик – феълан Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

1929 – Комбинати полиграфии Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд.

1937 – Ифтитоҳи Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский дар Тоҷикистон.

1959 – Студияи телевизиони Душанбе ба фаъолият оғоз кард.

2001 – Дар Душанбе маросими ифтитоҳи расмии намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Фаронса дар ҶТ баргузор шуд.

1414-1492 – Зодрӯзи шоир ва олим Абдураҳмони Ҷомӣ.

1917-1997 – Мавлуди олими фолклошинос, шоир, профессор Воҳид Асрорӣ.

1917-1995 – Зодрӯзи рӯзноманигор Назаршо Исломов.

1930 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Муслима Боқиева.

1933 – Зодрӯзи ҷуғрофишинос Ҷунайдулло Исматов.

1934 – Мавлуди олими файласуф, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ, академик Мӯсо Диноршоев.

1937 – Зодрӯзи актёр ва коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов.

1940 – Мавлуди шоир ва арбоби давлатӣ Усмон Назир (Оташ).

1950 – Зодрӯзи диктор Абдурашид Хӯҷамқулов.

1951 – Мавлуди нависанда Абдурофеъ Рабиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +11+16; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3+2, рӯзона +7+12; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона -1+4.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +16+18.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +9+11.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.