Пешниҳоди оби ошомидании Тоҷикистон ба Аморот

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода бо сафири Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остона  доктор Муҳаммад Аҳмад ал-Ҷобир ва ҳайати ҳамроҳи он доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди ҳамкорӣ бо АМА дар […]

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода бо сафири Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остона  доктор Муҳаммад Аҳмад ал-Ҷобир ва ҳайати ҳамроҳи он доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди ҳамкорӣ бо АМА дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат, илму маориф, фарҳанг, саноат, энергетика, алоқаи ҳавоӣ, кишоварзӣ ва тақвият бахшидани заминаи шартномавӣ ҳуқуқии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти мулоқот аз ҷониби раиси Кумита ба ҷониби АМА пешниҳодҳо ҷиҳати ба роҳ мондани боркашонии ҳавоиӣ (КАРГО) байни кишварҳо, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла азхудкунии канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон ва сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ, кушодани намояндагии бонкҳои тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон, бунёди инфрасохтори зарурӣ оид ба нигоҳдорӣ, коркард ва интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба АМА манзур гардид.

Аз ҷониби Муҳаммад Аҳмад ал-Ҷобир пешниҳодҳо дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои АМА, аз ҷумла ширкати Заҳир дар самти коркарди меваю сабзавот ва интиқоли минбаъдаи он ба АМА, ширкати Масдар дар самти нерӯи барқароршавандаи энергия ва ширкати Футейм дар самти сохтмон ва истифодабарии марказҳои тиҷоратӣ манзур гардид.

Ҷонибҳо инчунин баҳри татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки зимни баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ  ҳосил гардиданд, таъкид намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб бастаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва қонунгузорӣ оид ба сармоягузорӣ барои баррасӣ ва омӯзиш манзур гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.