Рӯзи театри тоҷикро пуршукӯҳ ҷашн мегиранд

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз Рӯзи театри тоҷик ҷашн гирифта мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ. Дар чорабинии ҷашнӣ раҳбарияти Вазорати фарҳанги кишвар, ҳунармандони театр, коргардонҳо ва тамоми касони алоқаманд бо театр штирок мекунанд. “Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзи […]

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз Рӯзи театри тоҷик ҷашн гирифта мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Дар чорабинии ҷашнӣ раҳбарияти Вазорати фарҳанги кишвар, ҳунармандони театр, коргардонҳо ва тамоми касони алоқаманд бо театр штирок мекунанд.

“Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзи театри тоҷик ва 80-солагии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Фаттоҳ Одина таҷлил карда мешавад”, – қайд мешавад дар маълумоти Вазорати фарҳанг.

Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ театрҳои шаҳри Душанбе бо порчаҳо аз намоишномаҳо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Фаттоҳ Одинаев Арбоби ҳунари шоистаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, Лауреати мукофоти ба номи А.Александров ва Лауреати мукофоти давлатии ба номи А.Рӯдакӣ мебошад.

Аввалин театри ҷумҳуриявӣ дар кишвар моҳи октябри соли 1929 ифтитоҳ гардида буд. Соли 1933 театр Абулқосим Лоҳутӣ номгузорӣ шуд.

Бо қабули қонун дар бораи фарҳанг соли 1997, санаи 7 ноябр ҳамчун Рӯзи театри тоҷик муқаррар шуд.

Айни замон дар Тоҷикистон 18 театр фаъолият доранд, ки 6-тои он дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд.

Дар паёми табрикотии вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода зикр мегардад, ки дар нӯҳ моҳи соли 2018 дар 18 театри касбии кишвар 47 асари нав саҳнавӣ гардида, баргузории Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ба ҷашнвораи ҳиқиқии аҳли театр табдил ёфт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.