Tcell дар TEDx Душанберо бо Флорида пайваст кард

Дар Душанбе чорабинии сатҳи байналмилалӣ- TEDxFSCJ сурат пазируфта, ширкати Tcell ҳамчун шарики диҷитол (ададӣ) дар он саҳм гузошт. Интернет аз Tcell шаҳрҳои Душанбе ва Ҷексонвили иёлати Флоридаи ИМА-ро ба ҳам пайваст кард. Суханронон ва навоварони ду кишвар дар ҷараёни ҳамоиш ба таҷрибаҳои ҳамдигар ошно шуда, дар мавзӯи “Навовариҳои бетардид” табодули афкор карданд. TED – бунёд […]

Дар Душанбе чорабинии сатҳи байналмилалӣ- TEDxFSCJ сурат пазируфта, ширкати Tcell ҳамчун шарики диҷитол (ададӣ) дар он саҳм гузошт. Интернет аз Tcell шаҳрҳои Душанбе ва Ҷексонвили иёлати Флоридаи ИМА-ро ба ҳам пайваст кард. Суханронон ва навоварони ду кишвар дар ҷараёни ҳамоиш ба таҷрибаҳои ҳамдигар ошно шуда, дар мавзӯи “Навовариҳои бетардид” табодули афкор карданд.

TED – бунёд (фонд)-и ғайритиҷоратӣ буда, ҳадафи асосиаш паҳн кардани идеяҳои беназир  (“Ideas worth spreading”) мебошад. Нишасту конфронсҳои TED ҳар сол теъдоди зиёде аз беҳтарин суханварони сатҳи ҷаҳонӣ- адибону сиёсатшиносон, навоварон, бозоршиносону тоҷирон, ҷомеъашиносону иқтисоддонҳо ва миллионҳо мухотабонро бо шарофати пахши ройгон дар интернет ҷамъ меорад. Дар саросари олам- дар донишгоҳу ширкатҳои мухталиф, шаҳрҳо ва минтақаҳои бузург конфронсҳои TEDx – чорабиниҳои мустақил дар чаҳорчӯби TED баргузор мешаванд.

Мавзӯи баҳс дар ҳамоиши TEDxFSCJ дар Душанбе «Навовариҳои бетардид» буд ва интихоб рӯи ин мавзӯъ тасодуфӣ нест. Пешрафти технологӣ ҳар лаҳза имконпазир аст ва соат ба соат ба пеш ҳаракат мекунад. Ҳама рӯз одамон бо он сару кор доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дигаргун мешаванд, навгониҳо дар илму техника татбиқ мегарданд, одамон идеяҳои навро ба илму технология дохил менамоянд.   

«Tcell наметавонист дар баргузории чунин ҳамоиш канор биистад. Мавзӯи «Навовариҳои бетардид» барои Tcell, ҳамчун ширкати бузургтарин дар бозори мобилӣ чизи ноошно ва ғайриқобили қабул нест, дар ин масир мо  стратегияи корхонаи худро мебинем. Tcel,l ҳамчун аввалин ширкат дар бозори мухобироти Тоҷикистон, ки ба ҷомеъа роҳи ҳалли мушкилоти технологиро пешниҳод месозад ва иртиботи виртуалиро роҳандозӣ мекунад, бар ин бовар аст, ки маҳз ана ҳамин тафаккури навоваронаи иноватсионӣ таҳрикдиҳандаи  дунё мебошад”,-  иброз дошт аснои ифтитоҳи конфронс директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Се сухангӯ аз Душанбе ва ду нафари дигар аз ИМА ба ҳам омада, тавассути пахши мустақим (он-лайн) масъалаи “Навовариҳои бетардид”-ро ба баррасӣ гирифтанд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш- Абдулло Қурбанов (соҳибкор, муассис ва сарвари Alif Capital), Насиба Мирпочоева (соҳибкор ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ), инчунин    Абдураҳмон Абдурашидов (бунёдгузори ширкати “IT-муассисаи “Durandesh”) муаррифӣ карданд. Аз Амрико бошад- Калаи Санкар (муассиси ширкати “Shiva Robotics Academy”) ва Ҷейн Лэндон (ноиб-райиси калони Web.Com) бо онҳо дар тамоси мустақим буданд.

Аснои нишаст табодули таҷриба ва баҳсҳои ҷолиб сурат гирифт: чӣ тавр онҳо мехоҳанд таваассути иноватсия (пешниҳодҳои нав) ва табиқи ин идеяҳо дунёро ба гунаи дигар бубинанд, марзҳоро убур намоянд ва пешрафтро муҳайё созанд. Онҳо мушкилоту монеаҳои аслиро дар ин роҳ номбар карда, ба мухотабон роҳҳал пешниҳод сохтанд.     

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.