Алишер Усмонов ба “рӯйхати сиёҳ”-и Бритониё дохил шуд

Дар Бритониё рӯйхати "олигархҳои рус"-ро таҳия карданд, ки мумкин аст, нисбаташон чораҳои гуногуни маҳдудкунанда андешида шавад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба The Daily Telegraph, дар ин рӯйхат шаш тоҷир, аз ҷумла Алишер Усмонов шомил шудааст. Гуфта мешавад, рӯйхати иборат аз шаш тоҷири рус – Алишер Усмонов, Роман Абрамович, Олег Дерипаска, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Бритониё рӯйхати "олигархҳои рус"-ро таҳия карданд, ки мумкин аст, нисбаташон чораҳои гуногуни маҳдудкунанда андешида шавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба The Daily Telegraph, дар ин рӯйхат шаш тоҷир, аз ҷумла Алишер Усмонов шомил шудааст.

Гуфта мешавад, рӯйхати иборат аз шаш тоҷири рус – Алишер Усмонов, Роман Абрамович, Олег Дерипаска, Аркадий ва Борис Ротендергҳо ва инчунин Игор Сечинро сарвазири Бритониё Тереза Мэй тасдиқ кардааст.

Рӯйхати мазкур ба ҳукуматҳои кишварҳои шарики Бритониё дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ фиристода мешавад.

Як манбаъ дар ҳукумати Бритониё гуфтааст, ҳадафи чораандешиҳои Лондон "маҳдуд кардани фаъолиятҳои онҳо, имконоташон барои кӯчидан ва кор кардан дар Аврупо, Бритониё ва ҳар ҷои дигари дунё" аст.

Дар рӯйхат асосан онҳое шомил шуданд, ки "бо президенти Русия Владимир Путин робитаи наздики касбӣ ва молӣ доранд". Мумкин аст, равуои ин одамон ба Бритониё маҳдуд шавад.

Ин дар ҳолест, ки Абрамович ва Усмонов давоми солҳои тӯлонӣ моликони бошгоҳҳои футболи "Челсӣ" ва "Арсенал"-и Лондон буданд. Тобистони имсол Усмонов саҳмашро дар бошгоҳи "Арсенал" (30%) ба тоҷири амрикоӣ Стэн Кронке бар ивази £550 млн фурӯхт.

Бино ба иттилои маҷаллаи Forbes, охири моҳи ноябри имсол дороии Алишер Усмонов 12,5 миллиард доллар арзёбӣ мешуд. Владимир Путин ахиран Алишер Усмонов ва ҳамсараш Ирина Винер-Усмоноваро бо ордени "Барои хизмати Ватан" қадрдонӣ кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.