Дастгирии ҳукумати ИМА аз пурсиши миллии демографӣ ва солимӣ дар Тоҷикистон

Date:

Кордори Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт дар маросиме, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Ҳукумати Тоҷикистонро бо ба анҷом расонидани дуюмин Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ (ТТД) табрик гуфт. 

Ҷаноби Кевин Ковертро дар маросими муаррифии натиҷаҳои ТТД-2017 Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омор ва  хонум Саида Умарзода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.

ТТД, пурсиши миллӣ дар бораи саломатии зан ва кӯдак, зуроварии хонагӣ мебошад, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад ва онро Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

Дар доираи пурсиши мазкур тақрибан бо 11 000 зани синну солашон аз 15 то 49 аз қариб ҳашт ҳазор хонаводаи саросари кишвар мусоҳиба гузаронида шуд.

Натиҷаҳои ТТД – 2017 тасмимгирандагонро бо пойгоҳи додаҳо ва таҳлилҳои муфид барои мураттабу таҷдид кардани сиёсати нав, ба нақшагирии барномаҳои муносиб ва назорату арзёбии барномаҳои мавҷуд таъмин менамояд.

Натиҷаҳои ТТД ва маълумоти иловагӣ оиди пурсиш ба наздикӣ дар сомонаи расмии Агентии омор:  http://www.stat.tj ва дар сомонаи Барномаи “АРЗЁБИИ ТТД АЗ ҶОНИБИ USAID”:  https://dhsprogram.com ҷойгир хощанд шуд.

Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ  яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакиест, ки амалӣ шудани он аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID,  бо ҳамкории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гардид.

Аз замони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Ҳукумати ИМА барои дастгирии  барномаҳои амният, ниҳодҳои демократӣ, соҳаи иҷтимоӣ ва рушди иктисодӣ бештар аз 1,8 миллиард доллари ИМА маблағ ҷудо кардааст. 

USAID Агентии пешбари ҷаҳонӣ оид ба рушди байналмилалӣ мебошад, ки баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои рушди мусбӣ кору фаъолият менамояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...