Нуқра Раҳматова, духтараки ҷавони ношинос аз ноҳияи Бартанг, бо суруди “Наргис” ба қалби мардум ворид шуд ва барои абад дар он ҷой гирифт. Ӯ дар тамоми кишвар машҳур гардид. Пас аз иҷрои нақш дар филми машҳури “Коваи оҳангар”-и Б.Кимёгаров шуҳраташ бештар шуд ва ӯ тамошобинонро бо назокату латофати худ мафтун намуд. Сол аз сол ӯ бо ҳунари воло ва истеъдоди худ қалби мухлисонашро тасхир мекард ва собит месохт, ки ӯ ҳунарпешаи нотакрор аст.
– Дар чандсолагиатон ба сурудхонӣ шуруъ кардед?
– Дар хотир дорам, вақте ба синфи якум рафтам, ба дастаи ҳаваскороне, ки дар назди мактаб амал мекард, шомил шудам. Яъне дар 8-солагиам ба сурудхонӣ оғоз кардаам.
– Волидонатон бо санъат алоқамандӣ доштанд? Зеро, тавре мегӯянд, истеъдод меросӣ аст.
– Падарам дар Бартанг ҳамчун прокурор кор мекарданд, модарам хонашин буданд. Аммо дар оила ҳама санъатро дӯст медоштанд, эҳтиром менамуданд. Падарам садои бисёр хуб доштанд. Ман то имрӯз ин гуна садоро ҳатто дар сарояндагони опера нашунидаам. Дар хонаи мо асбобҳои миллӣ, мисли сетор, рубоб ва доира буд. Бегоҳӣ, вақте падарам аз кор бармегаштанд, пас аз хӯроки шом ба даст рубоб гирифта суруди классикӣ месароиданд. Мо мерақсидем ва бо ӯ ҳамовоз мешудем. Ҳамин тавр, дар оилаи мо суруд ҳамеша садо медод.
Пас аз хатми мактаб ман дақиқ медонистам, ки ба куҷо дохил мешавам. Ба шуъбаи сарояндагии омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе дохил шудам. Соли аввал сарояндагиро ба ман Аҳмад Бобоқулов таълим медоданд. Пас аз хатми омӯзишгоҳ дар Кумитаи телевизион ва радио корро оғоз кардам ва то ба нафақа баромадан он ҷо фаъолият намудам.
– Субҳеро, ки машҳур бедор шудед, дар хотир доред?
– Суруди “Наргис”, ки Хайрулло Абдуллоев ба шеъри Меҳмон Бахтӣ навишта буд, ба ман шуҳрат овард. Он суруд дар қалби мардум ҷо шуд ва сокинони кишвар хеле хуб пазируфтанд. Замоне ки ин суруд хеле машҳур буд, солҳои 1970-ум, дар оилае, ки духтар таваллуд мешуд номашро Наргис мегузоштанд.
– Аз байни сурудҳоятон кадомаш бештар писандатон аст ва онро зиёдтар дӯст медоред?
– Ин саволро ба ман бисёр медиҳанд ва ман ҳамеша посух мегӯям, ки сурудҳои ман мисли фарзандонам аст, аз ин сабаб, аз байни онҳо дӯстдоштаашро интихоб кардан ғайриимкон аст. Агар ту сурудро эҳсос накунӣ, бо тамоми қалб дӯст надорӣ, наметавонӣ онро ба таври зарурӣ бихонӣ. Агар онро худи сароянда хуб эҳсос накунад, он суруд дар қалби шунаванда ҷо намешавад.
– Апаи Нуқра, Шумо сарояндаи ҳирфаӣ ҳастед. Чӣ гуна иттифоқ афтод, ки дар филми афсонавии Борис Кимёгаров “Коваи оҳангар” нақш офаридед?
– Он замон дар Филармонияи давлатӣ фаъолият мекардам ва мо сафари ҳунарии шашмоҳа ба шаҳрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ доштем. Вақте ба хона баргаштем, рӯзи дигар маро ба студияи Борис Алексеевич Кимёгаров даъват карданд, ки барои сабти филми “Коваи оҳангар” омодагӣ медиданд. Барои бозидани нақши духтари дӯстдоштаи ҷавоне дар либоси паланг духтарони зебо ва ҳунарпешаҳои зиёд хоҳиш доштанд. Аммо насибу тақдир будааст, дар ин нақш маро интихоб карданд. Филм дар Ҳисор сабт мешуд. Дар ин филм ҳамчунин суруди ман садо додааст, ки аввалин мартиба бо оркестри симфонӣ сароида шудааст.
– Дар ҷавонӣ занҳо ҳамчун ҳамсари худ ҷавонмардони идеалиеро мебинанд, ки шояд дар табиат аслан вуҷуд надошта бошад. Марде, ки замоне қалби шуморо тасхир намуд, чӣ гуна хислатҳоро доро буд?
– Вақте дар филми “Коваи оҳангар” нақш мебозидам, шавҳари ояндаам дар он нақши писари Коваро иҷро мекард. Ӯ аз ман 11 сол калон буд. Намедонам, ин ишқи бузург буд ё тақдир, ки мо оила барпо кардем ва соҳибе се фарзанд – ду духтар ва як писар шудем. Ҳамаи онҳо маълумоти хуб гирифтанд, оиладор шуданд ва ба мо набераҳои дӯстрӯякро тақдим намуданд. Барои ин ман аз тақдири худ шукргузорам.
– Аз фарзандонатон касе роҳи Шуморо интихоб карда, ба санъат рӯй овард?
– Бисёр мехостам, ки аз нуҳ набераам ягон нафараш роҳи маро интихоб кунад. Аммо афсӯс, ки касе аз онҳо инро интихоб накарданд. Фарзандонам ҳам роҳи худро интихоб карданд: духтари калониам – иқтисодчӣ, писарам факултаи молия ва қарзи ДМТ-ро хатм кард, духтари хурдиам мутахассиси забони англисӣ аст.
– Дар саросари кишвар мухлисони зиёди санъати Шумо ҳастанд. Чаро мисли ҳамкасбони хориҷии худ, барномаҳои ҳунарии хайрбодӣ ташкил намекунед?
– Моҳи майи имсол дар Душанбе барномаи консертии якҷоя бо Мастона Эргашева, Сурайё Қосимова, Хосият Ортиқова ва Муродбек Насриддинов доштем. Толор пур аз тамошобин буд. Аммо барномаи консертии алоҳидаи худро ташкил карда наметавонам. Ин талош ва маблағи зиёдро талаб мекунад. Бубинем, вақт нишон медиҳад.
Саволҳои кӯтоҳ
– Сарояндаи дӯстдоштаи ҷавон
– Нигина Амонқулова ва Дилором Қурбонова.
– Хӯроки дӯстдошта
– Оши паловро хеле дӯст медорам, ҳам омода кардан ва ҳам тановулашро. Дар зирбак бештар нахӯд ва зардчӯба меандозам.
– Хислатҳои хуб ва бади одамон
– Дурӯягиро таҳаммул надорам. Одатан суханеро мегӯям, ки дар забон дорам. Ҳамеша рӯйирост гап мезанам.
Некиро беҳтарин хислати инсон медонам. Агар инсон некхоҳ бошад, ҳамаи норасоии ӯро нодида гирифтан мумкин аст.
– Тақдир
Агар имкони такрори зиндагӣ фароҳам гардад, онро тавре зиндагӣ мекунам, ки зистам. Чизеро тағйир намедиҳам, ҳамон тавре мегузорам, ки зистаам.


