Намояндаи Тоҷикистон яке аз сохторҳои СҲШ-ро ба роҳбарӣ гирифт

Ҷумъахон Ғиёсов шурӯъ аз 1 январ раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхайро ба ӯҳда гирифт.  Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 1 январ бар асоси қарори Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии мубориза […]

АМИТ “Ховар”

Ҷумъахон Ғиёсов шурӯъ аз 1 январ раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхайро ба ӯҳда гирифт.  Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 1 январ бар асоси қарори Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии мубориза бо терроризми ин созмон, ки қароргоҳаш дар Тошканд аст, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов  таъйин гардидааст.

Гуфта мешавад, Ғиёсов   солҳои 2017-2018 дар вазифаи муовини Раиси кумитаи иҷроияи ин сохтор кор карда, пеш аз он дар КДАМ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ соли 2004 таъсис шуда, дар шаҳри Тошканд амал мекунад. Давоми ду соли гузашта раҳбарии ин сохторро намояндаи Россия Евгений Сисоев ба ӯҳда дошт.

Инчунин қайд мешавад, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2019 бар асоси қарори шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ  ба вазифаи Дабири кулли ин созмон намояндаи Ӯзбекистон Владимир Норов таъин шуд. Норов дар гузашта раиси Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегии назди Президенти Ӯзбекистон ва Вазири корҳои  хориҷии ин кишвар кор кардааст. Норов дар ин мақом  намояндаи Тоҷикистон Рашид Олимовро иваз кард.

Хотиррасон мешавад, ки алҳол Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  Ҳиндустон ва  Покистон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.