Сиёҳ кардани шишаҳои автомашина дар Тоҷикистон гарон шуд

Арзиши иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои автомашина дар Тоҷикистон аз 1 январ 10% боло рафт. Ин ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб вобаста аст. Барои гирифтани иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаҳои автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он акнун 3 ҳазору 410 сомонӣ (қаблан – 3,1 ҳазор сомонӣ) ва автомобилҳои истеҳсоли то соли 2004 – 2 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Арзиши иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои автомашина дар Тоҷикистон аз 1 январ 10% боло рафт. Ин ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб вобаста аст.

Барои гирифтани иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаҳои автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он акнун 3 ҳазору 410 сомонӣ (қаблан – 3,1 ҳазор сомонӣ) ва автомобилҳои истеҳсоли то соли 2004 – 2 ҳазору 750 сомонӣ (2,5 ҳазор сомонӣ) маблағ пардохт кардан зарур аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Болоравии нархи иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаҳои автомобил ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб аз оғози сол вобаста аст.

Соҳибони автомашинаҳои истеҳсолашон то соли 2005 барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина чун пештара 50 нишондиҳанда барои ҳисоб ва автомобилҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он – 62 нишондиҳанда барои ҳисоб пардохт мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли равон ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз 50 то ба 55 сомонӣ боло рафт.

Иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаҳои автомобил ба муҳлати як сол дода шуда, барои ба муҳлати дигар дароз кардани он боз маблағ пардохтан лозим аст. Ин маблағҳо аз соли 2010 ба суратҳисоби махсуси сохтмони нерӯгоҳи Роғун гузаронида мешаванд. Иҷозатномаҳоро дар шуъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ медиҳанд.

Аз соли 2000 то соли 2010 сиёҳкунии шишаҳои автомашина дар Тоҷикистон манъ буд. Инро ба вазъи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва мубориза бо болоравии сатҳи ҷинояткорӣ нисбат медоданд. Танҳо Сарвари давлат, сарвазир ва раисони ҳарду палатаи парлумон ба чунин имтиёз ҳуқуқ доштанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.