Амали неки муҳоҷири ӯзбек дар ҳодисаи фурӯпошии бино дар Магнитогорск

Date:

Муҳоҷири ӯзбекистонӣ ҳашт одамро аз зери харобаҳои манзили фурӯпошида дар Магнитогорск наҷот дод.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Алан Абдуллоев, муҳоҷири 23-сола аз Ӯзбекистон дар Магнитогорски Русия то омадани дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳашт одамро аз зери харобаҳои бинои истиқоматӣ наҷот дод. Расонаҳои Русия аз ӯ ба унвони "қаҳрамони воқеӣ" ном мебаранд.

Гуфта мешавад, Абдуллоев, ки дар яке аз сохтмонҳои Магнитогорск кор мекард, субҳи 31 декабр барои адои намоз бархост ва бо шунидани садои таркиш ба кӯча баромад.

"Барои намоз бархоста будам. Садои таркишро шунидам. Фавран либос пӯшидам. Онҷо одамон истода буданд – касе наздик намешуд. Занеро ҳамроҳи кӯдакаш берун овардам. Баъдан боло рафтам. Тақрибан баъди 20-25 дақиқа кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода омаданд. Вақте онҳо омаданд, ман нишон додам, ки одамон дар куҷои харобаҳо ҳастанд", – нақл кард муҳоҷири ӯзбекистонӣ ба расонаҳо.

Вай то кунун ба назди бинои тахрибшуда меояд ва дар бартараф кардани харобаҳо ёрӣ мерасонад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 31 декабр яке аз даромадгоҳҳои бинои баландошёна дар Магнитогорск фурӯ рехт. Фарзияи пешакии рух додани ҳодиса таркиши газ унвон мешавад. Бар асари он 48 манзил осеб дид.

Бино ба маълумоти охир, аз оғози амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ 45 нафар аз зери харобаҳо берун гирифта шудаанд, ки 39 нафарашон, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон ҳалок ва 6 нафари дигар, аз ҷумла ду нафар кӯдакон наҷот дода шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...