Амали неки муҳоҷири ӯзбек дар ҳодисаи фурӯпошии бино дар Магнитогорск

Муҳоҷири ӯзбекистонӣ ҳашт одамро аз зери харобаҳои манзили фурӯпошида дар Магнитогорск наҷот дод. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Алан Абдуллоев, муҳоҷири 23-сола аз Ӯзбекистон дар Магнитогорски Русия то омадани дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳашт одамро аз зери харобаҳои бинои истиқоматӣ наҷот дод. Расонаҳои Русия аз ӯ ба унвони "қаҳрамони воқеӣ" ном мебаранд. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Муҳоҷири ӯзбекистонӣ ҳашт одамро аз зери харобаҳои манзили фурӯпошида дар Магнитогорск наҷот дод.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Алан Абдуллоев, муҳоҷири 23-сола аз Ӯзбекистон дар Магнитогорски Русия то омадани дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳашт одамро аз зери харобаҳои бинои истиқоматӣ наҷот дод. Расонаҳои Русия аз ӯ ба унвони "қаҳрамони воқеӣ" ном мебаранд.

Гуфта мешавад, Абдуллоев, ки дар яке аз сохтмонҳои Магнитогорск кор мекард, субҳи 31 декабр барои адои намоз бархост ва бо шунидани садои таркиш ба кӯча баромад.

"Барои намоз бархоста будам. Садои таркишро шунидам. Фавран либос пӯшидам. Онҷо одамон истода буданд – касе наздик намешуд. Занеро ҳамроҳи кӯдакаш берун овардам. Баъдан боло рафтам. Тақрибан баъди 20-25 дақиқа кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода омаданд. Вақте онҳо омаданд, ман нишон додам, ки одамон дар куҷои харобаҳо ҳастанд", – нақл кард муҳоҷири ӯзбекистонӣ ба расонаҳо.

Вай то кунун ба назди бинои тахрибшуда меояд ва дар бартараф кардани харобаҳо ёрӣ мерасонад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 31 декабр яке аз даромадгоҳҳои бинои баландошёна дар Магнитогорск фурӯ рехт. Фарзияи пешакии рух додани ҳодиса таркиши газ унвон мешавад. Бар асари он 48 манзил осеб дид.

Бино ба маълумоти охир, аз оғози амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ 45 нафар аз зери харобаҳо берун гирифта шудаанд, ки 39 нафарашон, аз ҷумла 6 нафар кӯдакон ҳалок ва 6 нафари дигар, аз ҷумла ду нафар кӯдакон наҷот дода шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.