Ҳушдори обуҳавошиносон аз боришоти зиёд ва тармафароиҳо

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор ва боридани борону барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони минтақаи чануби кишвар боришоти шадид пешбинӣ шуда, дар минтақаи шимол боришот нисбатан муътадил хоҳад шуд. Дар давраи аз 8 то 10 январ дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тармаҳо дар […]

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор ва боридани борону барф дар назар аст.

Дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони минтақаи чануби кишвар боришоти шадид пешбинӣ шуда, дар минтақаи шимол боришот нисбатан муътадил хоҳад шуд.

Дар давраи аз 8 то 10 январ дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тармаҳо дар назар аст, хабар дода мешавад дар сомонаи Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар роҳҳои кӯҳистон ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ риояи масофаи на камтар аз 500 метр байни воситаҳои нақлиёт зарур аст.

“Рӯзҳои 8 ва 9 январ дар робита ба боришоти зиёд, рух додани ҳодисаҳои барфрезии ниҳоят зиёд, яхбандии баъзе қитъаҳо ва тармафароиҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд аз эҳтимол дур нест”, – қайд мешавад дар огоҳӣ.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.