Тоҷикистон аз нигоҳи Галим Фасхутдинов. Суратҳои ҷолибтарини рӯзноманигор

Date:

Рӯзноманигор Галим Фасхутдинов расо як сол пеш, 30 январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бар асари садамаи нақлиёт ҳалок шуд. Ӯ Тоҷикистонро дӯст медошт.

Галим натанҳо дар бораи рӯйдодҳои муҳиму рӯзмарра, балки дар бораи расму оинҳои маҳаллӣ низ гузоришҳои зиёде таҳия кардааст. Ӯ одамонро сари кор ё шуғли писандида аксбардорӣ намуда, ҳамчунин ба тақдири муҳоҷирон таваҷҷуҳ дошт.

Галим Фасхутдинов дар синни 44-солагӣ фавтид. Соҳиби ду писар буд. Ӯ бар асари садамаи нақлиёти назди мавзеи бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе (маъруф бо 1-ум Советский) ба ҳалокат расид. Рӯзноманигор ҳангоми бозгашт аз кор роҳро дар чароғаки сабз мегузаштааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳангом автомашинае, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, саривақт онро боздошта натавониста, ӯро пахш кард.

Суратҳои ҷолибтарини ӯ аз рӯйдодҳои Тоҷикистон.

Галим Фасхутдинов солҳои зиёд ба ҳайси хабарнигори радиои “Мир”, хабарнигори радиои “Голос России” дар Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои охир ба сифати хабарнигори бахши русии радиои “Мавҷи Олмон” кор мекард. Ҳамчунин узви фаъоли ҷамъияти тоторҳои Тоҷикистон буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...