Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Ҳоло сим-кортҳо гарон намешаванд

Масъалаи гарон шудани нархи сим-кортҳоро гуруҳи корӣ омӯхта истодааст ва бо эҳтимоли зиёд, ҳоло нархи онҳо тағйир намеёбад. Дар ин бора имрӯз роҳбари Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода иттилоъ дод. “Вақте гуруҳи корӣ, ки ин масъаларо ҳамаҷониба омӯхта истодааст, хулосаи худро ироа мекунад, пасон мо метавонем расман иброз намоем, ки нархи сим-кортҳо гарон мешавад ё […]

Сайфиддин Караев, Asia-Plus

Масъалаи гарон шудани нархи сим-кортҳоро гуруҳи корӣ омӯхта истодааст ва бо эҳтимоли зиёд, ҳоло нархи онҳо тағйир намеёбад.

Дар ин бора имрӯз роҳбари Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода иттилоъ дод.

“Вақте гуруҳи корӣ, ки ин масъаларо ҳамаҷониба омӯхта истодааст, хулосаи худро ироа мекунад, пасон мо метавонем расман иброз намоем, ки нархи сим-кортҳо гарон мешавад ё не”,-гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 сентябри соли 2018 нархи сим-кортҳо бояд ба 250 сомонӣ (26 доллар) баробар мешуд.

Он замон, пас аз шикоятҳои зиёд ва нашри мақолаҳо дар ВАО, ба ин масъала Президенти кишвар дахолат намуд ва дар ҷаласаи ҳукумат супориш дод, ки то 1 январи соли 2019 татбиқи ин қарор боздошта шавад.

Ҳоло нархи сим-кортҳо мисли пешин боқӣ мондааст: ширкатҳои мобилӣ хулосаи гуруҳи кориро интизоранд.

Ғайр аз ин, Қодирзода ситонидани маблағ дар терминалҳо барои пардохти хизматрасониҳоро низ шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки ин кор ғайриқонунӣ аст.

“Тавре қаблан гуфта будам, Хадамоти зиддиинҳисорӣ нисбати ширкатҳое, ки берун аз доираи қонун амал карда, барои пардохти хизматрасониҳо маблағ меситонанд, чораҷӯйӣ менамояд”,-зикр намуд Қодирзода.

Дар Хадамоти зиддинҳисорӣ шарҳ доданд, ки тибқи банди “Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои электронии алоқа ва хизматрасонӣ, бо онҳо алоқаманд” ҳангоми интиқоли маблағ ба суратҳисоби истифодабаранда, аз маблағи воридкарда фоиз ситонида намешавад.

Аммо ин талабот аз ҷониби бисёре аз ширкатҳое, ки хизматрасониҳои пардохтиро ба роҳ мондаанд, риоя карда намешавад. Дар терминалҳо барои пардохти хизматрасониҳоро маблағ меситонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.