Интиқоли барқи Ӯзбекистон ба шимоли Тоҷикистон баъди танаффуси чандинсола

Пас аз танаффуси чандинсола як қатор шаҳру навоҳии минтақаи шимоли Тоҷикистон бо оғози сардиҳо ба нерӯи барқи Ӯзбекистон дастрасӣ пайдо намуданд. Шаҳри Конибодому ноҳияи Спитамен ва чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишини ҳаммарз бо кишвари ҳамсоя айни замон шабонарӯзӣ 3 млн. кВт\соат аз Ӯзбекистон нерӯи барқ мегиранд. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала дар палатаи поёнии парлумон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Пас аз танаффуси чандинсола як қатор шаҳру навоҳии минтақаи шимоли Тоҷикистон бо оғози сардиҳо ба нерӯи барқи Ӯзбекистон дастрасӣ пайдо намуданд.

Шаҳри Конибодому ноҳияи Спитамен ва чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишини ҳаммарз бо кишвари ҳамсоя айни замон шабонарӯзӣ 3 млн. кВт\соат аз Ӯзбекистон нерӯи барқ мегиранд.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала дар палатаи поёнии парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор намуд, ки дар навбати худ, бо фарорасии сардиҳои фасли зимитсон аз Тоҷикистон ба минтақаи ҷануби Ӯзбекистон шабонарӯзӣ 17 млн. кВт\соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Вазир қайд кард, ки аз моҳи апрел то моҳи октябри соли равон Тоҷикистон ният дорад, ки ба минтақаи ҷануби Ӯзбекистон 2 млрд. кВт\соат нерӯи барқ интиқол диҳад, ки нисбат ба соли гузашта 800 млн. кВт\соат бештар аст.

Баъди суханронии вазир вакилони парлумон созишномаи моҳи ноябри соли 2018 баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд оид ба лоиҳаи “Насби дубораи шабакаҳои барқи Тоҷикистон ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ” якдилона тасдиқ намуданд.

Барои амалисозии лоиҳаи мазкур Бонки осиёгии рушд 35 млн. доллар маблағ ба сифати грант ҷудо мекунад. Ин воситаҳо ба ҳамоҳангсозии кори шабакаҳои барқи Тоҷикистон бо низомҳои энергетикии Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ҳамчунин бунёди низомҳои табдили барқи ҳифзи шабакаҳо равона мегарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.