CASA-1000: оғози сохтмони иншооти хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон

Ширкатҳои шведии АВВ ва ҳиндустонии Kalpataru Power Transmission Ltd ба корҳои сохтмони иншооти хати баландшиддати интиқоли барқ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар қаламрави Тоҷикистон оғоз намуданд. Мутахассисони Kalpataru, ки сохтмони қитъаи тоҷикистонии хати интиқоли барқи ҷараёни тағйирёбандаи 500 кВ-ро бар уҳда доранд, айни замон ба муайян кардани нуқтаҳои гузоштани пояҳои хати ҳавоӣ машғул аст, хабар […]

Пайрав Чоршанбиев

Ширкатҳои шведии АВВ ва ҳиндустонии Kalpataru Power Transmission Ltd ба корҳои сохтмони иншооти хати баландшиддати интиқоли барқ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 дар қаламрави Тоҷикистон оғоз намуданд.

Мутахассисони Kalpataru, ки сохтмони қитъаи тоҷикистонии хати интиқоли барқи ҷараёни тағйирёбандаи 500 кВ-ро бар уҳда доранд, айни замон ба муайян кардани нуқтаҳои гузоштани пояҳои хати ҳавоӣ машғул аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.

Дар созишномаи соли гузашта баимзорасида байни ин ширкат ва “Барқи тоҷик” кашидани хат дар шимоли Тоҷикистон, ҳамчунин хати интиқол аз зеристгоҳи Регар то зеристоҳи табдили барқ дар Сангтӯда ва минбаъд то сарҳад бо Афғонистон пешбинӣ шудааст.

Дар Вазорати энергетика қайд карданд, ки ширкати Ҳиндустон аллакай маблағи пешпардохтро гирифта, ба корҳои омодагӣ шурӯъ намудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, зеристгоҳи табдили барқро дар Сангтӯда ширкати АВВ-и Шветсия месозад.

Таъкид шуд, ки маблағи сохтмони иншооти мазкур 160 млн. доллар арзёби мешавад. Ширкат маблағи пешпардохтро гирифта, корҳои омодагӣ оғоз гардиданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар қаламрави кишварҳои Қирғизистону Афғонистон ва Покистон низ корҳои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 шурӯъ шудааст.

“Айни замон ҷиҳати амалисозии лоиҳа ҳеҷ мушкилие нест. Хати интиқоли барқ бояд охири соли 2021 мавриди истифода қарор гирад”, – илова карданд дар Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол (70% – аз Тоҷикистон ва 30% – аз Қирғизистон) нерӯи барқ содирот намоянд. Ҳадафи лоиҳа дар мавсими тобистон роҳандозӣ кардани содироти нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон унвон мешавад.

Арзиши умумии амалисозии лоиҳа беш аз 1 млрд. доллар арзёбӣ мешавад. Тибқи маълумоти охири “Барқи тоҷик”, маблағи сохтмони зербинои ин лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон 351 млн. долларро ташкил медиҳад.

Воситаҳо барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоӣ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд ва ҳукумати Британияи Кабир ҷудо карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.