Тағйири симои “Рахш-такси”: ширкат ранги автомашинаҳояшро тағйир медиҳад

Аввали сол раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи тағйири тарзи ороиш (дизайн)-и ҳамаи мошинҳои сабукрави таксиҳои пойтахт қарор содир намуд. Ӯ ба ҳамаи корхонаҳои машғули мусофиркашонӣ дастур дод, ки то 15 июн ранги автомашинаҳои худро мутобиқи ороишоти тасдиқшуда тағйир диҳанд. Ширкати “Рахш такси” аввалин корхонаест, ки ба ивази ранги автомашинаҳои мусофиркашонии худ шурӯъ намуд. […]

Аввали сол раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи тағйири тарзи ороиш (дизайн)-и ҳамаи мошинҳои сабукрави таксиҳои пойтахт қарор содир намуд. Ӯ ба ҳамаи корхонаҳои машғули мусофиркашонӣ дастур дод, ки то 15 июн ранги автомашинаҳои худро мутобиқи ороишоти тасдиқшуда тағйир диҳанд.

Ширкати “Рахш такси” аввалин корхонаест, ки ба ивази ранги автомашинаҳои мусофиркашонии худ шурӯъ намуд.

Маълумот доир ба ранги ягона гирифтани ҳамаи таксиҳои Душанбе охири соли гузашта расонаӣ шуд. Мақомоти шаҳрдории пойтахт доир ба беҳтарин тарзи ороишоти такси озмун доир намуда, тибқи лоиҳаи ғолиби озмун симои берунаи таксиҳои шаҳри Душанберо тасдиқ намуд.

Ҳамаи таксиҳои пойтахт то санаи 15 июн бо ишора ба номи ширкат рангҳои зарду сафедро ба худ мегиранд.

Ширкати “Рахш-такси” аз аввалинҳо шуда ба тағйири тарзи ороишоти нав пардохта, ранги автомашинаҳои он ба наздикӣ мувофиқи дизайни нав оро дода мешаванд.

Бубинед, ки симои нави автомашинаҳои ширкати “Рахш-такси” чӣ гуна хоҳад буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.