Прокурори Хатлон: Судяи суди Ҷалолиддини Балхӣ барои содир кардани ҷиноят аз вазифа озод гардид

Бахтиёр Саидзода, судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 28 январи соли ҷорӣ бо фармони Президент “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод карда шуд. Насрулло Маҳмудзода, прокурори вилояти Хатлон имрӯз, 30 январ зимни нишасти хабарӣ, омили асосии аз вазифа озод гардидани судя Бахтиёр Саидзодаро шарҳ дод. “Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Бахтиёр Саидзода, судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 28 январи соли ҷорӣ бо фармони Президент “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод карда шуд.

Насрулло Маҳмудзода, прокурори вилояти Хатлон имрӯз, 30 январ зимни нишасти хабарӣ, омили асосии аз вазифа озод гардидани судя Бахтиёр Саидзодаро шарҳ дод.

“Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Бахтиёр Саидзода парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247-и КҶ ҶТ (қаллобӣ) боз кардааст. Тафтишоти ин парванда ба зиммаи муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузошта шудааст. Ҳоло тафтишот идома дорад ва аз ин бештар чизе гуфта наметавонам”, – иброз намуд Насрулло Маҳмудзода.

Барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 247-и КҶ ҶТ зикр гардида, ҷазо дар шакли ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё шартӣ маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол, пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Бахтиёр Саидзода, судяи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 28-январ бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа озод карда шуд.

Дар фармони Президент сабаби озод шудани ин судя содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, гуфта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.