Кумитаи дин корҳои ободонии макони муқаддасро зери назорат мегирад

Ба муносибати солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурӣ ният дорад, ки маконҳои муқаддаси ёдгориҳои таърихиву динии кишварро обод созад. Дар ин бора зимни нишастии матбуотии рӯзи 6 феврал раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумат Сулаймон Давлатзода хабар дод. Ба сифати мисол раиси […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Ба муносибати солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурӣ ният дорад, ки маконҳои муқаддаси ёдгориҳои таърихиву динии кишварро обод созад.

Дар ин бора зимни нишастии матбуотии рӯзи 6 феврал раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумат Сулаймон Давлатзода хабар дод.

Ба сифати мисол раиси Кумита мақбараҳои Мирсаид Алии Ҳамадонӣ (Кӯлоб), Мавлоно Яъқуби Чархӣ (Душанбе), Хоҷа Машҳад (Шаҳритӯс), Хоҷа Аҳрои Валӣ (ноҳияи Айнӣ)-ро номбар кард.

“Мутаассифона, шароити баъзе макони муқаддаси зиёрат дар кишвари мо номуносиб аст. Масалан, дар яке аз маконҳое, ки оромгоҳи шахсияти таърихист, дастархон ороста, ҷорво мекушанд. Дар бораи гигиена ва санитария фикр намекунанд”, – қайд кард ӯ.

Бино ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, айни замон Кумита ҳамаи чунин маконҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, бо шароитҳои онҳо аз наздик шинос шуда истодааст.

“Айни замон мо ин ҷойҳоро зери назорат дошта, кӯшиш дорем, ки онҳо барои боздиди ҳам шаҳрвандони хориҷиву ҳам сокинони маҳаллӣ боз ва шароити муносиб дошта бошанд”, – илова кард Давлатзода.

Қобили зикр аст, ки солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.