Эълони озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин драмнависон дар Тоҷикистон

Date:

Бо мақсади дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни драмнависонро эълон кард.

“Қабули асарҳо аз 1 март то 1 августи соли 2019 сурат гирифта, онҳо бояд фарогири мавзӯъҳои муосир, инъикосгари дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар давраи сҳибистиқлолӣ бошанд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, асарҳои бо забони русӣ ва ӯзбекӣ таълифшуда бояд тарҷумаи таҳтуллафзӣ дошта, меъёри пешниҳод арзиши бадеӣ-ғоявии пйесаҳо‚ ҷавобгӯии онҳо ба қонуниятҳои жанри драматургия ва ҳамкории драматург бо режиссёри театр бошад.

“Асарҳои беҳтарин аз тариқи раъйдиҳии пӯшида муайян мегарданд. Баҳои ниҳоиро ҳайати ҳакамони озмун муайян мекунанд. Ғолибони озмун бо мукофотпулиҳои зерин қадрдонӣ мешаванд: ҷои якум – 5 ҳазор; ҷои дуюм – 3 ҳазор ва ҷои сеюм – 2 ҳазор сомонӣ”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки асарҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯа интишор меёбанд ва ба ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...