Эълони озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин драмнависон дар Тоҷикистон

Бо мақсади дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни драмнависонро эълон кард. “Қабули асарҳо аз 1 март то 1 августи соли 2019 сурат гирифта, онҳо бояд фарогири мавзӯъҳои муосир, инъикосгари дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар давраи сҳибистиқлолӣ бошанд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, асарҳои бо […]

Бо мақсади дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир Вазорати фарҳанги Тоҷикистон озмуни драмнависонро эълон кард.

“Қабули асарҳо аз 1 март то 1 августи соли 2019 сурат гирифта, онҳо бояд фарогири мавзӯъҳои муосир, инъикосгари дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дар давраи сҳибистиқлолӣ бошанд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, асарҳои бо забони русӣ ва ӯзбекӣ таълифшуда бояд тарҷумаи таҳтуллафзӣ дошта, меъёри пешниҳод арзиши бадеӣ-ғоявии пйесаҳо‚ ҷавобгӯии онҳо ба қонуниятҳои жанри драматургия ва ҳамкории драматург бо режиссёри театр бошад.

“Асарҳои беҳтарин аз тариқи раъйдиҳии пӯшида муайян мегарданд. Баҳои ниҳоиро ҳайати ҳакамони озмун муайян мекунанд. Ғолибони озмун бо мукофотпулиҳои зерин қадрдонӣ мешаванд: ҷои якум – 5 ҳазор; ҷои дуюм – 3 ҳазор ва ҷои сеюм – 2 ҳазор сомонӣ”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки асарҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯа интишор меёбанд ва ба ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.