Саҳмдорони “Сангтӯда”-ро лозим меояд, ки каме сабр кунанд

Date:

Ҷараёни харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сангтӯда” аз аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо беш аз як сол идома меёбад.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор намуд, ки аз ҷониби ҳукумат дар бораи харидории саҳмияҳои “Сангтӯда” бо арзиши номиналии онҳо қарор қабул шуда, “бо пайдо шудани имконот ин саҳмияҳо харида мешаванд”.

Вазир таъкид дошт, ки айни замон беш аз 97 ҳазор адад саҳмияҳои ҷамъияти “Сангтӯда” дар дасти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ боқӣ мондаанд.

Дар робита ба масъалаи розӣ набудани бархе аз саҳҳомон ба фурӯхтани саҳмияҳо бо арзиши номиналӣ ва хоҳишманди гирифтани фоида (дивиденд)-и пешбинишудаи он, Қаҳҳорзода шарҳ дод, ки “чунин Ҷамъият (ҶСШК “Сангтӯда”, – эзоҳи “Азия-Плюс”) дигар вуҷуд надорад ва барҳам дода шудааст”.

Ӯ зикр кард, ки барои амалисозии талаботи қарори зикршудаи ҳукумат дар назди Вазорати молия гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, айни замон он ба омӯзиши масоили марбут ба харидории ин саҳмияҳо машғул мебошад.

“Мо рӯйи он кор дорем, ки тартиб ва ҳуқуқи дорандагони ин қоғазҳои қиматнокро таъмин созем. Ин раванди маҷбурӣ нест. Хоҳиши касоне, ки саҳмияҳоро бо арзиши номиналиашон фурӯхтанӣ нестанд, ба инобат гирифта мешавад”, – ваъда дод вазир.

Зимнан зикр гардид, ки бо амалисозии харидории саҳмияҳои “Сангтӯда” аз аҳолӣ, ҳукумат нишон доданист, ки ба таъмини уҳдадориҳои худ қодир аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...