Сокини Истаравшан келини худро бо табар кушт

Сокини деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан, марди 52-сола рӯзи 14 феврал аз ҷониби кормандони милитсия бо далели куштори бераҳмона боздошт шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми муноқиша бо келинаш, ҷавонзани 27-сола ӯ ба ҷисми ҷавонзан бо табар 6-маротиба зарба задааст. Гуфта мешавад, дар натиҷа, келинаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса […]

Сокини деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан, марди 52-сола рӯзи 14 феврал аз ҷониби кормандони милитсия бо далели куштори бераҳмона боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми муноқиша бо келинаш, ҷавонзани 27-сола ӯ ба ҷисми ҷавонзан бо табар 6-маротиба зарба задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, келинаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикитсон, соли гузашта дар кишвар 86 ҳодисаи куштор ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.