Саҳмдорони “Сангтӯда”-ро лозим меояд, ки каме сабр кунанд

Ҷараёни харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сангтӯда” аз аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо беш аз як сол идома меёбад. Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор намуд, ки аз ҷониби ҳукумат дар бораи харидории саҳмияҳои “Сангтӯда” бо арзиши номиналии онҳо қарор қабул шуда, “бо пайдо шудани имконот ин саҳмияҳо харида мешаванд”. Вазир таъкид […]

Ҷараёни харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сангтӯда” аз аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо беш аз як сол идома меёбад.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор намуд, ки аз ҷониби ҳукумат дар бораи харидории саҳмияҳои “Сангтӯда” бо арзиши номиналии онҳо қарор қабул шуда, “бо пайдо шудани имконот ин саҳмияҳо харида мешаванд”.

Вазир таъкид дошт, ки айни замон беш аз 97 ҳазор адад саҳмияҳои ҷамъияти “Сангтӯда” дар дасти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ боқӣ мондаанд.

Дар робита ба масъалаи розӣ набудани бархе аз саҳҳомон ба фурӯхтани саҳмияҳо бо арзиши номиналӣ ва хоҳишманди гирифтани фоида (дивиденд)-и пешбинишудаи он, Қаҳҳорзода шарҳ дод, ки “чунин Ҷамъият (ҶСШК “Сангтӯда”, – эзоҳи “Азия-Плюс”) дигар вуҷуд надорад ва барҳам дода шудааст”.

Ӯ зикр кард, ки барои амалисозии талаботи қарори зикршудаи ҳукумат дар назди Вазорати молия гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, айни замон он ба омӯзиши масоили марбут ба харидории ин саҳмияҳо машғул мебошад.

“Мо рӯйи он кор дорем, ки тартиб ва ҳуқуқи дорандагони ин қоғазҳои қиматнокро таъмин созем. Ин раванди маҷбурӣ нест. Хоҳиши касоне, ки саҳмияҳоро бо арзиши номиналиашон фурӯхтанӣ нестанд, ба инобат гирифта мешавад”, – ваъда дод вазир.

Зимнан зикр гардид, ки бо амалисозии харидории саҳмияҳои “Сангтӯда” аз аҳолӣ, ҳукумат нишон доданист, ки ба таъмини уҳдадориҳои худ қодир аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...