Ҳамлагари дастаи мунтахаби Қирғизистон оид ба футбол дар “Хуҷанд” бозӣ мекунад

Ҳамлагари дастаи миллии Қирғизистон оид ба футбол, Турсуналӣ Рустамови 29-сола бо дастаи футболи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон шартнома имзо намуд. Дар мавриди хариди ин футболбози тими миллии Қирғизистон дастаи футболи “Хуҷанд ” иттилоъ додааст. Турсуналӣ Растамов қаблан дар дастаҳои «Қаро-болта», «Шер», «Олға», «Дордой» ва «Олой» ҳунарнамоӣ карда, соли 2014 низ дар дастаи “Хуҷанд” бозӣ карда буд. Дар […]

Asia-Plus

Ҳамлагари дастаи миллии Қирғизистон оид ба футбол, Турсуналӣ Рустамови 29-сола бо дастаи футболи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон шартнома имзо намуд.

Дар мавриди хариди ин футболбози тими миллии Қирғизистон дастаи футболи “Хуҷанд ” иттилоъ додааст.

Турсуналӣ Растамов қаблан дар дастаҳои «Қаро-болта», «Шер», «Олға», «Дордой» ва «Олой» ҳунарнамоӣ карда, соли 2014 низ дар дастаи “Хуҷанд” бозӣ карда буд.

Дар Ҷоми Осиё – 2019 дар АМА Турсуналӣ Рустамов дар ҳайъати тими миллии Қирғизистон се бозӣ анҷом дода, як гол задааст.

“Хуҷанд” дар ҳоле бо футболбози қирғиз шартнома имзо намуд, ки 6-ум ва 7-уми март дар доираи бозиҳои Ҷоми АФК – 2019 бо дастаҳои “Олой” (Қирғизистон) ва “Аҳал” (Туркманистон) дидор анҷом медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.