Дар минтақаҳо қатъи сартосарии интиқоли барқ ҷараён дорад

Дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ барқ асосан танҳо рӯзона дастрас буда, шабона тахминан аз соатҳои 24:00 то 6-и субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад. Гузашта аз ин, дар як қатор ноҳияҳо давра ба давра интиқоли барқ рӯзона низ боздошта мешавад. Аз мунтазам қатъ шудани интиқоли барқ сокинони ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт, ҳамчунин баъзе ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ барқ асосан танҳо рӯзона дастрас буда, шабона тахминан аз соатҳои 24:00 то 6-и субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад. Гузашта аз ин, дар як қатор ноҳияҳо давра ба давра интиқоли барқ рӯзона низ боздошта мешавад.

Аз мунтазам қатъ шудани интиқоли барқ сокинони ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт, ҳамчунин баъзе ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар шикоят доранд.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” ин қатъкуниҳои интиқоли барқро ба баргузории корҳои таъмиру навсозӣ дар хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо пас аз сарбории зербино дар мавсими зимистон нисбат медиҳанд. Интизор меравад, ки ин корҳо рӯзҳои наздик ба итмом мерасанд.

Дар шабаакаҳои барқ бошад, таваққуфҳо дар интиқоли барқро ба норасоии об дар обанбори Норак марбут медонанд.

“Дар обанбор начандон оби зиёд боқӣ мондааст, аз ин рӯ маҷбурем, ки сарфакорӣ намоем”, – гуфтанд дар яке аз воҳидҳои ширкати “Барқи тоҷик”.

Аввали моҳи марти соли равон сатҳи об дар обанбори Норак дар нишондиҳандаи 865 метр қарор дошт. То ба истилоҳ “ҳадди ақал” (857 метр аз сатҳи баҳр), ки бо расидан ба он истифодабарии обанбор аз рӯи нишондиҳандаҳои техникӣ манъ мешавад, ҳанӯз аввали ҳамин моҳ 8 метр боқӣ монда буд. Ҳамин давраи соли гузашта сатҳи оби иҷозашудаи обанбор барои истифода беш аз 16 метрро ташкил медод.

Ба камбуди барқ ҳамчунин боздошта шудани кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки моҳи ноябри соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, низ таъсир расонид.

Дар мақомоти энергетика мегӯянд, ин тасмим бо мақсади баргузор намудани корҳо ҷиҳати ошкор кардани ноқисии қисмҳои гидроагрегат рӯйи кор омадааст.

Қобили зикр аст, ки дар кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Душанбе низ гоҳ-гоҳ рӯзона аз соати 9 то 16:00 интиқоли барқ қатъ карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.