Яке савори шутуру дигаре асп. Омодагирии донишҷӯён ба ҷашни Наврӯз

Date:

Дар майдони марказии Душанбе пагоҳ, 21 март нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯз карнавали идона доир мегардад.

Тавре интизорӣ меравад, дар карнавали пойтахт ҳунармандони халқӣ, масхарабозону дорбозон ва раққосон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.

Қисмати асосии иштирокчиёни карнавалро донишҷӯёни пойтахт ташкил медиҳанд., ки дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ба ҷашн омодагӣ мегиранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳар як мактаби олӣ сарулибоси хоси худро дорад. Либоси бархе зебову ҷолиб ва шинам, аз дигаре бошад, матои оддии рангаи дӯхташуда аст.

“Сарулибоси мо кабуд – ранги рӯдхонаву кӯлҳоямон аст. Ба ман хеле писанд омад”, – мегуяд донишҷӯдухтар аз Донишгоҳи тиббӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз паси онҳо ҷавонписарон бо сарулибоси ҷанговарони асрҳои миёна саф оростаанд.

“Сарулибоси мо бар асоси филмҳо дар бораи лашкаркаши паҳлавон Рустам аз “Шоҳнома”-и машҳур дӯхта шудааст”, – мегӯянд донишҷӯён.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Толибилмони коллеҷи тиббӣ барои худ аспҳои чӯбин сохта, ҷастухез карданро дар он меомӯзанд. Барои донишҷёне, ки шутурсаворанд, осон нест, чунки зери матоъи ғафс хеле гарм мешаванд. Бархе аз донишҷӯён муддати тӯлони ҷамъшавии дигар иштирокчиёни карнавалро сабр накарда, пӯстҳои “киштиҳои биёбон”-ро дар замин гузоштанд ва обнӯши рафтанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Яке аз донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва молия мегӯяд, иштирок дар ин чорабиниҳо барояш начандон писанд аст.

“Обуҳаво гарм, машқҳо мустақиман дар хиёбон гузаронида мешаванд. Дар вақти танаффусҳо ҷойи нишастан пайдо намекунӣ. Соли гузашта беҳтар буд, зеро дар варзишгоҳҳо, дар “Наврӯзгоҳ” омодагӣ мегирифтем. Он ҷо харакҳои нишаст дошта, моро бо обу ғизо (бутерброд) таъмин мекарданд. Ҳозир чунин нест. Ҳатто ба ҳоҷатхона рафтан ҳам мушкилӣ дорад, зеро дар ин наздикиҳо нест”, – иброз дошт ӯ.

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Лекин касоне ҳам, ки машқҳо барояшон маъқулу писанд аст, низ кам нестанд.

“Аз соатҳои зиёд дар синф нишастан ин беҳтар аст, – мегӯяд яке аз донишҷӯён. – Ин ҷо озодтар, бубинед гирду атроф пур аз духтарони зебо. Боз ба мо ваъда доданд, ки агар ба ин машқҳо мудом саривақт ҳозир бошем, дар имтиҳонсупорӣ кумак мекунанд. Ин ба мо маъқул аст”.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...