Яке савори шутуру дигаре асп. Омодагирии донишҷӯён ба ҷашни Наврӯз

Дар майдони марказии Душанбе пагоҳ, 21 март нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯз карнавали идона доир мегардад. Тавре интизорӣ меравад, дар карнавали пойтахт ҳунармандони халқӣ, масхарабозону дорбозон ва раққосон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Қисмати асосии иштирокчиёни карнавалро донишҷӯёни пойтахт ташкил медиҳанд., ки дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ба […]

Аксҳо аз Asia-Plus

Дар майдони марказии Душанбе пагоҳ, 21 март нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯз карнавали идона доир мегардад.

Тавре интизорӣ меравад, дар карнавали пойтахт ҳунармандони халқӣ, масхарабозону дорбозон ва раққосон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.

Қисмати асосии иштирокчиёни карнавалро донишҷӯёни пойтахт ташкил медиҳанд., ки дар хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ба ҷашн омодагӣ мегиранд.

Ҳар як мактаби олӣ сарулибоси хоси худро дорад. Либоси бархе зебову ҷолиб ва шинам, аз дигаре бошад, матои оддии рангаи дӯхташуда аст.

“Сарулибоси мо кабуд – ранги рӯдхонаву кӯлҳоямон аст. Ба ман хеле писанд омад”, – мегуяд донишҷӯдухтар аз Донишгоҳи тиббӣ.

Аз паси онҳо ҷавонписарон бо сарулибоси ҷанговарони асрҳои миёна саф оростаанд.

“Сарулибоси мо бар асоси филмҳо дар бораи лашкаркаши паҳлавон Рустам аз “Шоҳнома”-и машҳур дӯхта шудааст”, – мегӯянд донишҷӯён.

Толибилмони коллеҷи тиббӣ барои худ аспҳои чӯбин сохта, ҷастухез карданро дар он меомӯзанд. Барои донишҷёне, ки шутурсаворанд, осон нест, чунки зери матоъи ғафс хеле гарм мешаванд. Бархе аз донишҷӯён муддати тӯлони ҷамъшавии дигар иштирокчиёни карнавалро сабр накарда, пӯстҳои “киштиҳои биёбон”-ро дар замин гузоштанд ва обнӯши рафтанд.

Яке аз донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва молия мегӯяд, иштирок дар ин чорабиниҳо барояш начандон писанд аст.

“Обуҳаво гарм, машқҳо мустақиман дар хиёбон гузаронида мешаванд. Дар вақти танаффусҳо ҷойи нишастан пайдо намекунӣ. Соли гузашта беҳтар буд, зеро дар варзишгоҳҳо, дар “Наврӯзгоҳ” омодагӣ мегирифтем. Он ҷо харакҳои нишаст дошта, моро бо обу ғизо (бутерброд) таъмин мекарданд. Ҳозир чунин нест. Ҳатто ба ҳоҷатхона рафтан ҳам мушкилӣ дорад, зеро дар ин наздикиҳо нест”, – иброз дошт ӯ.

Лекин касоне ҳам, ки машқҳо барояшон маъқулу писанд аст, низ кам нестанд.

“Аз соатҳои зиёд дар синф нишастан ин беҳтар аст, – мегӯяд яке аз донишҷӯён. – Ин ҷо озодтар, бубинед гирду атроф пур аз духтарони зебо. Боз ба мо ваъда доданд, ки агар ба ин машқҳо мудом саривақт ҳозир бошем, дар имтиҳонсупорӣ кумак мекунанд. Ин ба мо маъқул аст”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.