Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе идома дорад

Гармидиҳӣ ба бинову иншооти қисмати шарқӣ ва ғарбии пойтахт қатъ шуда, ба кисмати марказии шаҳр идома дорад. Аз санаи 1 апрел дегхонаҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ дар робита ба анҷоми мавсими гармидиҳӣ ба кори худ хотима бахшиданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе». Бино ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби зарурати истеҳсоли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Гармидиҳӣ ба бинову иншооти қисмати шарқӣ ва ғарбии пойтахт қатъ шуда, ба кисмати марказии шаҳр идома дорад.

Аз санаи 1 апрел дегхонаҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ дар робита ба анҷоми мавсими гармидиҳӣ ба кори худ хотима бахшиданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе».

Бино ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби зарурати истеҳсоли нерӯи барқ дар Марказҳои барқу гармидиҳӣ, то ҳол ба қисмати марказии шаҳр гармӣ дода мешавад. Дар корхона аз кай қатъ шудани кори Маркази барқу гармидиҳӣ огаҳӣ надоранд.

Зимнан шарҳ дода шуд, ки чунин қарорҳо дар сатҳи ҳокимият қабул шуда, шабакаҳои гармидиҳӣ иҷрокунандагони он мебошанд.

Аз ширкати “Барқи тоҷик” ва мақомоти шаҳрдории пойтахт дастрас кардани маълумот дар бораи вақти анҷоми мавсими гармидиҳӣ муяссар нашуд.

Сокинони шаҳр аз ҳарорати беҳад гарм дар манзилҳои худ бинобар сабаби то ҳол гармӣ интиқол ёфтан ба онҳо шикоят доранд.

Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе ҳамасола нимаи моҳи ноябр оғоз гардида, то нимаи моҳи марти соли дигар идома меёбад. Тирамоҳи соли гузашта бошад, бо сабаби барвақт фаро расидани сардиҳо, интиқоли гармӣ даҳаи охири моҳи октябр оғоз шуд.

Аҳолии пойтахтро корхонаи «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» бо гармӣ таъмин мекунад, ки онро дар навбати худ аз Марказҳои барқу гармидиҳӣ ( корхонаҳои тобъеи ширкати “Барқи тоҷик”) мегирад.

Айни замон барои ҳар як метри мураббаъи манзил аҳолӣ ба МД «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» дар як моҳ 1,03 сомонӣ маблағ пардохт мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.