Варақаи иттилоотии №1: хишти аввале, ки таҳкурсии таърихи “Азия – Плюс”- ро гузоштааст

Аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия – Плюс” рӯзи сешанбе, 2 апрели соли 1996 нашр гардид, ҳарчанд он ду-се рӯз пеш омодаи нашр буд. Чун 31 март рӯзи истироҳат ва рӯзи душанбе 1 апрел буд, мо нашри варақаро дар рӯзи душанбе боздоштем, чун нахостем онро ҳамчун шӯхии 1-уми апрелӣ пиндоранд. Агар ҷиддан сухан гӯем, аввалин […]

Умед Бобохонов, Asia - Plus

Аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия – Плюс” рӯзи сешанбе, 2 апрели соли 1996 нашр гардид, ҳарчанд он ду-се рӯз пеш омодаи нашр буд. Чун 31 март рӯзи истироҳат ва рӯзи душанбе 1 апрел буд, мо нашри варақаро дар рӯзи душанбе боздоштем, чун нахостем онро ҳамчун шӯхии 1-уми апрелӣ пиндоранд.

Агар ҷиддан сухан гӯем, аввалин варақаи иттилоотии мо пурмуҳтаво, рӯзмарра ва бо даъвои нашрияи соҳибнуфуз шудан, чоп гардид.

“Ҳокимият”, “Сармоягузорӣ”, “Мудофиа ва амният”, “Хусусигардонӣ”, “Телекоммуникатсия”, “Дар Тоҷикистон кӣ кӣ аст” рубрикаҳои аввалини варақаи иттилоотии мо буд.

Варақаи иттилоотӣ бо забони англисӣ нашр шуд. Чаро? Зеро мо дар ҷустуҷӯи обуначиҳо ба бонкҳои маҳаллӣ, ширкатҳои хусусӣ, газетаҳои тоҷикӣ, ҳатто ба ҳукумати кишвар муроҷиат намудем, аммо дар ҳама ҷо посух як буд: “Маблағ нест, дар кишвар ҷанг аст, шумо бошед бо кадом як варақаи иттилоотӣ омадед!”. Он замон мо ба хулосае омадем: агар ҳамватанони мо маблағ надошта бошанд, то беҳ шудани вазъият ба хориҷиёне, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, таваҷҷуҳ менамоем. Махсусан, дар ҳоле, ки дар бозор ягон нашрия бо забони англисӣ нест. Ҳамин тавр амал намудем.

Дар сарсухани аввалин варақаи иттилоотӣ мо навиштем:

“…То барқарор шудани субот дар кишвари мо вақти зиёд аст. Аммо Тоҷикистон – ин танҳо интиҳор ё мубориза байни ҳукумат ва мухолифин нест. Дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии кишвар равандҳои душвор ва муқобили ҳам ҷараён доранд, ки таваҷҷуҳи амиқ ва таҳлили коршиносонаро тақозо менамояд. “Азия – Плюс” ният дорад ин равандҳоро инъикос намояд. Дар назари мо, ҳоло ин хеле муҳим аст, вақте роҳбарияти Тоҷикистон дар хусуси тезонидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ андешаронӣ мекунад. Зеро вуҷуди иттилои барои ҷомеа дастрас – зарурати аввалин барои муваффақият дар дилхоҳ самт мебошад. Шиори мо: иттилои беғараз ва мустақил аз ҳар гурӯҳи сиёсӣ мебошад”.

Дар рубрикаи “Ҳокимият” мусоҳибаи аввалинро ба “Азия – Плюс” сарвазир Яҳё Азимов дода буд. Ӯ барои хонандагони мо нақл кард, ки соли 1996 ҳукумат нақшаи тезонидани раванди хусусигардонии моликияти давлатиро дошта, мехоҳад онро аз 8 дарсад то ба 50-60 дарсад расонад, барои ҳавасманд гардонидани маблағгузорони хориҷӣ ва таҳкими пули миллии Тоҷикистон – рубли тоҷикӣ чораҷӯӣ намояд.

Дар зери мусоҳибаи сарвазир, оид ба он ки 16 март дар Душанбе аввалин биржаи мол аз ҷониби Яҳё Азимов боз гардид, хабар нашр шуд. Иқтисодчии 40-сола, собиқ роҳбари "МеталлКонтрактТорг" Н. Саъдуллаев роҳбари ин ниҳод таъйин гардид.

Дар рубрикаи “Таъйиноти нав” нашрияи мо оид ба фармонҳои нави президент хабар медод: 28 март муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа озод карда шуда, раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид. Ба ҷойи ӯ собиқ раиси шаҳри Душанбе Юрий Поносов таъйин карда шуд.

Дар рубрикаи “Мудофиа ва амният” оид ба фармони президент дар бораи муовини фармондеҳи Гвардияи президентӣ таъйин намудани полковник Маҳмуд Худойбердиев хабар додем. Замона муташанниҷ ва таъйинот иҷборӣ буд. Аз ин сабаб, матни фармон чунин навишта шуда буд: “Бо назардошти вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ҳадафи таъмини субот…”.

Дар шарҳи фармони мазкур навиштем, ки “барои бисёре аз шоҳидон таъйиноти мазкур ғайриинтизор буд, бо далели он ки полковник Маҳмуд Худойбердиев яке аз иштирокчиёни фаъоли шӯриши мусаллаҳона дар моҳҳои январ – феврали соли 1996 ба ҳисоб мерафт”. Дастаи махсуси ӯ дар Қӯрғонтеппа хокимиятро тасарруф карда, истеъфои чанде аз чеҳраҳои калидии ҳукумати ҷумҳуриро талаб намуда буд.

Ҳукумат он замон қисме аз талаботи ӯро қонеъ карда, сарвазир Ҷамшед Каримов, муовини аввали ӯ Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбари Дастгоҳи президент Иззатулло Ҳаёевро ба истеъфо фиристод.

Ҳамчунин мо навиштем, ки “президент қатъияти сиёсӣ ва воқеӣ” нишон дода, тавонист вазъиятро зери назорат нигоҳ дорад. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврӯз ба Қӯрғонтеппа сафар карда, тавонист ҷонибҳои даргирро сари дастархон нишонад ва низоъро хомӯш созад.

Қаҳрамони аввалини рубрикаи “Кӣ кӣ аст” дар варақаи иттилоотии мо котиби матбуотии тозатаъйини президент Зафар Саидов буд. “Азия – Плюс” иқдоми мазкурро чун “яке аз таъйиноти кадрии муваффақи президент” баҳо дод.

“Котиби матбуотии 34-солаи президент аз нафарони дигари атрофи роҳбари давлат бо нерӯ, ҳирфаият ва тавони ба зимма гирифтани масъулият фарқ мекард. Ин хислатҳо дар муҳлати кӯтоҳ ӯро ба яке аз чеҳраҳои намоёни фазои сиёсии Тоҷикистон табдил дод”,-навишта будем мо.

Дар мусоҳибаи худ ба “Азия – Плюс” Зафар Саидов гуфта буд, ки дар ҳаёт барои ӯ модаркалонаш, ки ӯро бузург кардааст, намуна аст, эътироф намуда буд, ки шайдои зебогии занон аст, аз нӯшокиҳои спиртӣ “Русская Столичная”-ро меписандад, албатта бо меъёри муайян. Баъдтар Зафар Саидов бо табассум ба мо нақл карда буд, ки варақаи иттилоотии “Азия – Плюс”-ро ҳамаи обуначиҳо бо диққат мехонанд – баъд аз он мусоҳиба, дар ҳама қабулҳои дипломатӣ ӯро напурсида барояш финҷони “Русская Столичная”-ро пешниҳод мекарданд.

Ҳамин гуна буд, аввалин варақаи иттилоотии “Азия – Плюс”, хишти аввале, ки пойдевори оилаи “Азия – Плюс”-ро гузошт.

Имрӯз варақаи иттилоотии 24 сол қабл нашршударо мутолиа намуда, фикр мекунам, ки он ба одамон дар хусуси воқеоти соли 1996 маълумоти беғараз ва ростро пешниҳод менамуд. Тамоми 23 соли сипаригашта мо кӯшиш кардем ҳамон тавр беғараз ва воқеънигор бошем.

Эътимод дорем, ки хонандаи мо инро қадр мекунад. Ташаккур, ки бо мо ҳастед!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.