Назоратчиён дар автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанбе

Дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе – автобусу троллейбусҳо акнун назоратчиён (контролёрон)-и махсус кор мекунанд, ки ба санҷиши тартиби пардохт ва ошкор намудани шахсони бебилет уҳдадоранд. Ташаббуси дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ҷорӣ намудани хадамоти назоратчиён дар доираи давра ба давра амалисозии Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» сурат […]

Asia-Plus

Дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе – автобусу троллейбусҳо акнун назоратчиён (контролёрон)-и махсус кор мекунанд, ки ба санҷиши тартиби пардохт ва ошкор намудани шахсони бебилет уҳдадоранд.

Ташаббуси дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ҷорӣ намудани хадамоти назоратчиён дар доираи давра ба давра амалисозии Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» сурат мегирад.

Назоратчиён ба Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва оператори низоми пардохти автоматишуда ва назорати равуо дар нақлиёти шаҳри Душанбе «City Card» тобеъ мебошанд.

Ҳадаф аз ташкили гурӯҳи назоратчиён санҷиши кортҳои ҳақиқии равуо доштани мусофирон, тартиб додани ҳисоботнокӣ ва мусоидат ба беҳбуди кори низом тариқи баргузории мониторинг унвон мешавад.

Вазифаҳои хизматӣ ва ҳуқуқи назоратчиён

«City Card» ба таъмини назоратчиён бо таҷҳизоти зарурии назорати пардохти роҳкиро – POS-терминали махсус уҳдадор аст, ки тавассути он онҳо пардохти роҳкироро аз ҷониби мусофир, дар суратҳсобаш мавҷуд будани маблағ ва ғайраро месанҷанд.

Дар чаҳорчӯби санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи воситаҳои нақлиёт ва муқаррароти МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои назоратчиён муайян шудааст.

Назоратчӣ ҳуқуқ дорад ба:

– Дархости пешниҳоди билет барои санҷиш;

– талаби пардохти роҳкиро;

– аз воситаи нақлиёт фаровардани мусофир дар сурати рад шудани пардохти роҳкиро;

– аз воситаи нақлиёт фаровардани мусофир дар ҳолати вайрон кардани тартибот дар нақлиёти ҷамъиятӣ;

– дар сурати қонуншиканӣ дархост намудани пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият барои тартиб додани санади намунаи дахлдор ва фиристодани он ба мақомоти марбута.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.