Боздошти роҳбари гурӯҳи мусаллаҳ бо лақаби Ҷинҷак

Дар ҷараёни роҳандозии ҷораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як қатор ҷиноятҳои солҳои пеш содиргардида, ошкор карда шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар рафти он роҳбари гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст Аҳрорзода Ёқуб (Ғафуров Ёқуб Аҳрорович) бо лақаби “Ҷинҷак”, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат бо гумони роҳзанӣ ва ғасби гаравгон дастгир […]

Дар ҷараёни роҳандозии ҷораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як қатор ҷиноятҳои солҳои пеш содиргардида, ошкор карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар рафти он роҳбари гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст Аҳрорзода Ёқуб (Ғафуров Ёқуб Аҳрорович) бо лақаби “Ҷинҷак”, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат бо гумони роҳзанӣ ва ғасби гаравгон дастгир карда шудааст.

Гуфта мешавад, номбурда, бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни гурӯҳаш, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Ҷамшед Абоев бо лақаби “Иван” ва дигарон моҳи августи соли 1999 дар маҳаллаи Яккатоли ҷамоати деҳоти Н.Розиқи ш.Ваҳдат бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз сокини шаҳри Ваҳдатд Шералӣ Юсуфов автомашинаи шахсиаш тамғаи “МАРК-2”, ки арзишаш 16 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни тафтишот ҳамчунин маълум шудааст, ки Ёқуб Аҳрорзода бо маслиҳати пешакӣ бо аъзоёни гурӯҳаш моҳи августи соли 1999 ба манзили истиқоматии сокини деҳаи Дӯстии шаҳри Ваҳдат Абдусалом Наҷмиддинов ворид шуда, бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз манзили истиқоматии номбурда, 2-адад видеомагнитофон, 1-адад маркази мусиқӣ, 8-сар чорвои калони шохдор ва дигар лавозимоти рӯзгорро ҷамъ ба маблағи 1000-доллари амрикоӣ тасарруф намуда, соҳибхона Наҷмиддинов А.Х. ва бародараш Шодӣ Наҷмиддиновро ғайриқонунӣ ба деҳаи Ваҳдатобод бурда, дар манзили истиқоматии худи Аҳрорзода муддати 3-шабонарӯз ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда гирифтани 1-адад автомашинаи тамғаи “КамАЗ” озод кардаанд.

“Ҳамчунин Ёқуб Аҳрорзода бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш моҳи августи соли 1999 боз як сокини шаҳри Ваҳдат Раҷабалӣ Мисҳоқовро бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз назди манзили истиқоматиаш ғайриқонунӣ ба автобазаи №2929, воқеъ дар деҳаи Яккатоли ҷамоати деҳоти Н.Розиқов оварда, ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда гирифтани маблағи пулӣ 2000-доллари амрикоӣ озод кардаанд”, – омадааст дар хабари дафтари матбуоти ВКД.

Ба иттилои манбаъ, ҳамин тариқ, Ёқуб Аҳрорзода бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои гурӯҳаш моҳи августи соли 1999 сокини деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдаки Сафед Ғафуровро бо таҳдиди силоҳи оташфишон аз назди манзили истиқоматиаш ғайриқонунӣ ба ҷамоати деҳоти К.Исмоилов оварда, ба сифати гаравгон нигоҳ дошта, пас аз талаб карда гирифтани маблағи пулӣ 11000-доллари амрикоӣ ӯро озод кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Ёқуб Аҳрорзода мутобиқи моддаҳои 181 )Ғасби гаравгон) ва 249 (Роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.