Ба қирғизҳои осебдида зимни муноқиша дар марз бо Тоҷикистон медал доданианд

Дар парлумони Қирғизистон имрӯз зимни баррасии муноқишаи чанде қабл рухдода дар марз бо Тоҷикистон баҳсу музокироти пурҷӯшу хурӯш сурат гирифт, хабар медиҳад агентии иттилоотии 24.kg. Дар ҷаласаи пушти дарҳои пӯшидаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) вакил Каромат Орозова пешниҳод намуд, ки ба Оқ-Сой мақоми иншооти стратегӣ дода шавад. Ҳамчунин ӯ дархост намуд, ки шаҳрвандони осебдидаи кишвар […]

Asia-Plus

Дар парлумони Қирғизистон имрӯз зимни баррасии муноқишаи чанде қабл рухдода дар марз бо Тоҷикистон баҳсу музокироти пурҷӯшу хурӯш сурат гирифт, хабар медиҳад агентии иттилоотии 24.kg.

Дар ҷаласаи пушти дарҳои пӯшидаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) вакил Каромат Орозова пешниҳод намуд, ки ба Оқ-Сой мақоми иншооти стратегӣ дода шавад. Ҳамчунин ӯ дархост намуд, ки шаҳрвандони осебдидаи кишвар зимни муноқиша дар марз Мирбек Ҷӯраев, Улуғбек Жониқулов ва Оқилбек Тӯйчиев бо медали “Данк” қадрдонӣ карда шаванд.

“Ман дархост дорам, ки давлат шахсонеро, ки бе аслиҳа сарҳадро ҳимоя мекунанд, аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд. Вақте мо он ҷо рафтем, мардум дар навбати аввал сулҳу суботро талаб карданд. Бар асари набудани чунин вазъ занон тифлони носолимро ба дунё оварда, ба бемориҳои рӯҳӣ гирифтор мешаванд. Мушкили сарҳадро таъҷилан ҳал кардан зарур аст”, – овардааст гуфтаҳои ӯро 24.kg.

Ӯ ҳамчунин пешниҳод намудааст, ки ба оилаҳои осебдида аз низоъ дар сарҳад дар ҳаҷми 300 ҳазор сом кумаки моддӣ расонида шавад.

Каромат Орозова хоҳиш кардааст, ки имконоти хадамоти марзбонӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр карда шавад. Вакил талаб кардааст, ки дар мавзеи Оқ-Сой мушкили таъминот бо об ва обёрии заминҳо ҳаллу фасл шуда, дар бунгоҳи тиббии маҳаллӣ шумори кормандони тиббӣ зиёд ва шуъбаи ҷарроҳӣ боз гардад.

Қобили зикр аст, ки дар Қирғизистон шаҳрвандоне бо медали “Данк” сарфароз гардонида мешаванд, ки дар хизмати давлатӣ, фаъолияти истеҳсолӣ, илмӣ-техникӣ, эҷодӣ, ҷамъиятӣ ва хайру эҳсонкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида бошанд.

Ёдрас мекунем, ки муноқиша дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои  13-14 март сурат гирифта, дар ҷараёни он 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва беш аз 20 тани дигар тоҷикистониён ҷароҳат бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер