КҲФ: Роҳҳо боз ва ағбаҳо бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд

Айни замон ҳамаи роҳҳое, ки минтақаҳоро бо маркази Тоҷикистон мепайванданд, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт бозанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Дар Кумита қайд карданд, ки хушбахтона, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои кӯҳистон ҳодисаҳои фавқулодаи нохуш ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. “Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанок, Душанбе-Лахш ва Душанбе Хоруғ то ҳол […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Айни замон ҳамаи роҳҳое, ки минтақаҳоро бо маркази Тоҷикистон мепайванданд, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт бозанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Дар Кумита қайд карданд, ки хушбахтона, шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои кӯҳистон ҳодисаҳои фавқулодаи нохуш ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанок, Душанбе-Лахш ва Душанбе Хоруғ то ҳол эҳтимоли хеле зиёди селфароӣ ва лағжиши кӯҳпораву сангреза боқӣ мемонад. Дар қитъаҳои гуногуни ин роҳҳо мушоҳидаи доимӣ ва навбатдории шабонарӯзӣ идома дорад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки сокинони чанде қабл ба макони бехавф кӯчонидашудаи ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ҳисор ба хонаҳояшон баргаштанд.

Дар филиали ширкати IRS ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки роҳи Душанбе-Хуҷанд бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, лекин боришот идома дорад.

“Боришоти шиддатнок давом дорад. Дирӯз ва субҳи имрӯз дар баъзе қитъаҳои роҳ барф борид. Кормандони ширкат саривақт роҳро тоза намуда, лекин хавфи санреза то ҳол вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, аз ронандагон дархост мекунем, ки ҳушёру боэҳтиёт бошанд”, – иттилоъ дод котиби матбуотии ширкат Далер Мерганов.

Қобили зикр аст, ки роҳи Душанбе-Хуҷанд қариб муддати як шабон6арӯз – аз соати 20:00-и 24 апрел то соати 17:00-и 25 апрел бар асари лағжиши кӯҳпораву сангреза баста шуда буд. Дирӯз баъди бартараф кардани оқибатҳои офат ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.