“Шумо сарвари давлатро дар вазъи ногувор гузоштед”: интиқоди Зуҳуров аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз аз фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон шадидан интиқод кард. Ӯ изҳор намуд, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо фармоиши бемулоҳизаи худ дар бораи боло бурдани тарифҳо барои корбарони интернет ҷомеаи кишварро ба ҳаяҷону изтироб овард. “Шумо бо қарори бемулоҳизаи худ муддати як моҳ Тоҷикистонро “қаҳрамони асосӣ"-и ВАО-и ҷаҳон карда, сарвари давлатро […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз аз фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон шадидан интиқод кард.

Ӯ изҳор намуд, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо фармоиши бемулоҳизаи худ дар бораи боло бурдани тарифҳо барои корбарони интернет ҷомеаи кишварро ба ҳаяҷону изтироб овард.

“Шумо бо қарори бемулоҳизаи худ муддати як моҳ Тоҷикистонро “қаҳрамони асосӣ"-и ВАО-и ҷаҳон карда, сарвари давлатро дар вазъи ногувор гузоштед”, – иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи Зуҳуров, пеш аз боло бурдани нарх ба ин ё он хизматрасониҳо, “бахусус дар бахши иҷтимоӣ”, вазорату идораҳои кишварро зарур аст, ки чуқуру мулоҳизакорона андеша ронанд.

“Вақте ки Тоҷикистон давлати рушдёфтаву доро шуда, аҳолиаш бе мушкилӣ зиндагӣ дошта бошад, пас метавон бепоён нархҳоро боло бурд, лекин айни замон мо чунин имкон надорем”, – илова намуд раиси палата поёнии парлумон.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории №31 аз 4 марти соли 2019, аз 18 апрел барои ҳамаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҷадвали тарифҳои ягона барои хизматгузориҳои мобилӣ ҷорӣ шуд.

Хадамот ширкатҳои мобилиро ба муқаррар намудани нархи 1 Мб интернет на камтар аз 5 дирам бе назардошти андозҳо уҳдадор кард. Ҳамин тариқ, нархи 1 гигабайт (1024 мегабайт) интернети ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мебоист аз 30-35 сомонии арзиши пештара то ба 63 сомонӣ боло мерафт.

Вокуниши ҷомеа ба ин амал дер напоид. Аҳолӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин коршиносону мутахассисони соҳа яктан дар бораи нодуруст будани ин фармоиш садо баланд карданд, аммо кормандони Хадамот онро чунин шарҳ доданд, ки даромади ширкатҳои мобилӣ аз зангҳои байнулмилалии овозӣ кам шуда, ин дар навбати худ ба коҳиши воридоти маблағҳо ба буҷет боис гардидааст.

Кор то амалҳои фаъол – ҷамъоварии имзо алайҳи фармоиш бо дархости ба масъала дахолат кардани президенти ҷумҳурӣ расид. Лекин то ирсоли ин муроҷиатнома Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармоиш дар бораи гароншавии тарифҳоро бекор кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.