Тоҷикистон барои сайёҳон ва зойирин боҷи давлатӣ ҷорӣ мекунад

Дар Тоҷикистон барои саёҳони хориҷие, аз Тоҷикистон боздид мекунанд ва барои шаҳрвандони худи ҷумҳурӣ, ки тариқи ширкатҳои сайёҳӣ ба хориҷи кишвар мераванд, пардохти боҷ ҷорӣ шуд. Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон имрӯз палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағироту иловаҳои дахлдорро дар ин хусус ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳо ҳатмӣ” маъқул шуморид. Зимни суханронӣ назди вакилон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барои саёҳони хориҷие, аз Тоҷикистон боздид мекунанд ва барои шаҳрвандони худи ҷумҳурӣ, ки тариқи ширкатҳои сайёҳӣ ба хориҷи кишвар мераванд, пардохти боҷ ҷорӣ шуд.

Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон имрӯз палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағироту иловаҳои дахлдорро дар ин хусус ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳо ҳатмӣ” маъқул шуморид.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор намуд, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо, аз шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади сайру саёҳат ба Тоҷикистон меоянд, боҷи давлатӣ ситонида мешавад.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба тамошои кишварҳои дигар мераванд, ҳамчунин тоҷикистониёне, ки ба адои маросими ҳаҷ мераванд, низ боҷ пардохт мекунанд”, – хабар дод Қаҳҳорзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз пардохти чунин боҷ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, маъбони гурӯҳҳои якуму дуюм, кӯдакони синни то 16-сола ва дипломатҳо озод карда мешаванд.

Қаҳҳорзода таъкид дошт, ки айни замон дар бозори сайёҳии Тоҷикистон 145 ширкат фаъолият дошта, соли гузашта беш аз 1 млн. нафар саёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намудаанд.

Вазири молия илова намуд, ки ҳаҷми боҷи сайёҳиро ҳам барои хориҷиён ва ҳам барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳукумати ҷумҳурӣ муқаррар мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумат бо шарти ифшои нашудани ному насабаш изҳор кард, ки сайёҳони хориҷии ба Тоҷикистон воридшуда ва шаҳрвандони кишвар, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ сафар мекунанд, бояд барои ҳар як шабонарӯз 1 доллар боҷ пардохт кунанд.

Зимнан зикр гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба адои маросими ҳаҷ мераванд, ба сифати боҷи давлатӣ 50 доллар маблағи иловагӣ пардохт мекунанд. Имсол арзиши маросими адои ҳаҷ 35 ҳазору 128 сомонӣ (аллакай бо назардошти боҷ)-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.