Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева 82-сола шуд

Date:

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева имрӯз 82-сола шуд. Ӯро метавон беҳтарин ҳунарпешаи Тоҷикистон ном бурд. Чун тамоми ҳаёташро дар театр гузаронида, ҳастиашро ба саҳна бахшидааст.

Дар суҳбат бо мо ҳунарпешаи халқӣ иброз дошт, ки хушрӯз аз он аст, ки дар санаи таърихӣ (1 май – Рӯзи байнулмилалии меҳнаткашон) ба дунё омадааст.

Марям Исоева имрӯз худро хушбахтарин зан ҳисобида, аз он меболад, ки дар канори фарзандон ва наберагон осудаву ором умр ба сар мебарад.

– Хушбахтам, ки дар канори хонавода ва наберагонам ҳастам. Аз тамоми гӯшаву канори  дунё дӯстонам бо ман тамос гирифта, бо зодрӯзам табрик мекунанд.

Вале мутаассифона, мегӯяд ӯ, аз театр, ҷойе, ки беш аз ними ҳаёташро дар он гузаронидааст, ҳеҷ хабаре нест.

– 62 сол кору фаъолият кардам, пайке нест ва хомӯшист. Чун касе зодрӯзамро дар ёд надорад. Муносибат бо мо чандон самимӣ нест. Матн ва мавзӯи «Тақдири модари тоҷику озарӣ»-ро  се вариант тарҷума намуда, песа кардам. Варианти сеюм олитарин буд ва ба театр ҳам пешниҳод кардам, аммо қабул накарданд. Ҳамин варианти асосиро, ки муаллиф бо забони русӣ навишта буд, театри Маяковский гирифта, ба саҳна гузоштанд. Муносибатро худ қазоват намоед.    

Ёдрас мешавем, ки Марям Исоева 1-уми майи соли 1937 дар Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Соли 1960 студияи Донишкадаи санъати театрӣ (ГИТИС)-ро хатм намудааст. Аз соли 1961 ҳунарманди театри драмавии Лоҳутӣ буда, соли 1979 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуд. Зиёда аз 40 сол дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода дарс дода, то имрӯз шогирдони зиёде тарбия намудааст. То имрӯз дар саҳнаҳои зиёде нақш офаридааст,  ки шуморашон беҳисоб аст ва ба гуфтаи худи ӯ, «дар як сол то панҷ нақш офаридаам, ки баъзе ҳунармандон дар панҷ сол панҷ нақш меофаранду халос».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...