Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева 82-сола шуд

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева имрӯз 82-сола шуд. Ӯро метавон беҳтарин ҳунарпешаи Тоҷикистон ном бурд. Чун тамоми ҳаёташро дар театр гузаронида, ҳастиашро ба саҳна бахшидааст. Дар суҳбат бо мо ҳунарпешаи халқӣ иброз дошт, ки хушрӯз аз он аст, ки дар санаи таърихӣ (1 май – Рӯзи байнулмилалии меҳнаткашон) ба дунё омадааст. Марям Исоева имрӯз худро хушбахтарин […]

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева имрӯз 82-сола шуд. Ӯро метавон беҳтарин ҳунарпешаи Тоҷикистон ном бурд. Чун тамоми ҳаёташро дар театр гузаронида, ҳастиашро ба саҳна бахшидааст.

Дар суҳбат бо мо ҳунарпешаи халқӣ иброз дошт, ки хушрӯз аз он аст, ки дар санаи таърихӣ (1 май – Рӯзи байнулмилалии меҳнаткашон) ба дунё омадааст.

Марям Исоева имрӯз худро хушбахтарин зан ҳисобида, аз он меболад, ки дар канори фарзандон ва наберагон осудаву ором умр ба сар мебарад.

– Хушбахтам, ки дар канори хонавода ва наберагонам ҳастам. Аз тамоми гӯшаву канори  дунё дӯстонам бо ман тамос гирифта, бо зодрӯзам табрик мекунанд.

Вале мутаассифона, мегӯяд ӯ, аз театр, ҷойе, ки беш аз ними ҳаёташро дар он гузаронидааст, ҳеҷ хабаре нест.

– 62 сол кору фаъолият кардам, пайке нест ва хомӯшист. Чун касе зодрӯзамро дар ёд надорад. Муносибат бо мо чандон самимӣ нест. Матн ва мавзӯи «Тақдири модари тоҷику озарӣ»-ро  се вариант тарҷума намуда, песа кардам. Варианти сеюм олитарин буд ва ба театр ҳам пешниҳод кардам, аммо қабул накарданд. Ҳамин варианти асосиро, ки муаллиф бо забони русӣ навишта буд, театри Маяковский гирифта, ба саҳна гузоштанд. Муносибатро худ қазоват намоед.    

Ёдрас мешавем, ки Марям Исоева 1-уми майи соли 1937 дар Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Соли 1960 студияи Донишкадаи санъати театрӣ (ГИТИС)-ро хатм намудааст. Аз соли 1961 ҳунарманди театри драмавии Лоҳутӣ буда, соли 1979 ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуд. Зиёда аз 40 сол дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода дарс дода, то имрӯз шогирдони зиёде тарбия намудааст. То имрӯз дар саҳнаҳои зиёде нақш офаридааст,  ки шуморашон беҳисоб аст ва ба гуфтаи худи ӯ, «дар як сол то панҷ нақш офаридаам, ки баъзе ҳунармандон дар панҷ сол панҷ нақш меофаранду халос».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.